logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” қабул гардид

Интизор меравад, қонуни мазкур барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, паст кардани камбизоатӣ замина гузошта, боиси зиёд шудани манбаи андоз мегардад.

Your tj

16:5213.11.2024

13-уми ноябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” қабул гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Тавре қайд карда мешавад, қонуни мазкур “бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин талаботи объективӣ, шароит ва хусусияте, ки дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ташаккул ёфтаанд, таҳия ва пешниҳод шудааст”.

Дар иҷлосия таъкид шудааст, ки дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ на танҳо аз сиёсати якҷонибаи давлатӣ, аз қабили пардохтҳои нақдӣ ва кумакҳои моддӣ, балки балки аз фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ва фарогирии иқтисодии онҳо иборат аст.

“Маҳз фарогирии иқтисодии ин категорияи шахсон метавонад афзоиши хароҷоти буҷетро аз ҳисоби даромадҳои андоз аз фаъолияти иқтисодӣ, устувории минбаъдаи молиявӣ ва худтаъминкунии онҳо қисман ҷуброн намояд. Аз ин лиҳоз таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ соҳибкории иҷтимоӣ зарур аст”, - итилоъ медиҳад манбаъ.

Интизор меравад, ки қонуни мазкур барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, паст кардани камбизоатӣ, пур кардани бозор аз молҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ замина гузошта, боиси ҷори намудани усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳибкории хурду миёна ва зиёд шудани манбаи андоз мегардад.

Комментарии (0)

Читайте также

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

17 часов назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

4 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

4 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

5 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

5 дня назад