Дар Тоҷикистон “Омӯзиши асосҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар табиат” баргузор шуд

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА), Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ “Омӯзиши асосҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар табиат”-ро доир карданд.

Баргузор намудани чунин омӯзишҳои назариявӣ ва амалӣ дар чорчӯбаи “Барномаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ” ба таҳкими иқтидори иштирокчиён, ки дар раванди вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода нақши фаъол доранд, равона карда шудаанд.

Дар рафти омӯзиш, ки бо истифода аз таҷҳизоти махсуси аз ҷониби ТИКА ба КҲФ тақдимгардида гузаронида шуд, асосҳои марбут ба соҳаи ҷустуҷӯ ва наҷот, аз қабили усулҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар табиат, идоракунии ҷои ҳодиса, истифодаи ресмон ва тарзи гиреҳбандӣ ва усулҳои таҳлияи бехатар ба таври назариявӣ ва амалӣ мубодила карда шуданд.

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо, ки пас анҷоми омӯзиши шашрӯза баргузор карда шуд, Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози ТИКА дар Душанбе Ибраҳим Этҳем Унал ширкат карданд.

Сафир Аҷар бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳор дошт, ин барномаи омӯзишӣ, ки дар ҳамкорӣ бо ТИКА ва Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) барои дастаи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ташкил гардид, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳо дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард.

Раиси КҲФ Генерал Рустам Назарзода аз густариши ҳамкориҳо бо Туркия дар самти ҷустуҷӯ ва наҷот барои тавлиди роҳҳои ҳалли муштарак алайҳи офатҳои табиӣ, ки мушкили умумии башарият аст, изҳори қаноатмандӣ кард.

Интизор меравад, ки омӯзишҳо дар самти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТИКА ва Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD) дар давраи оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Skip to toolbar