fbpx

Дар Тоҷикистон нархи “солярка” якбора боло рафт


1
1 point
Акси мавзӯӣ аз манбаҳои боз

Эълони барканории Саидаҳмадзода баъди як ҳафтаи боздошт

Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баъди як ҳафтаи боздошт расман аз мансаб барканор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июл дар фармоне сабаби тасмимро “кирдоре” номидааст, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”. Мақомот шарҳ надодаанд, ки асли қазия чист.

Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯро ба “додани хабари дурӯғ” ва “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” гумонбар донистаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Рустам Саидаҳмадзода ин айбномаро рад карда, гуфтааст, дар ҷараёни тафтишоти думоҳа бегуноҳии худро собит хоҳад кард.

«Моро фаромӯш накунед»: Паёми Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба дӯстон аз боздоштгоҳи тафтишотӣ

Вохӯрии рӯзноманигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ, бо ҳамсараш дирӯз 5 июл дар боздоштгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Ғурбатӣ  рӯзи  15 июн бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби прокуратураи ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) боздошт шудааст.

Мубораки Қосим, ҳамсари рӯзноманигор Абудуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт,  ӯ дирӯз бо Абдулло дидор дошта, ҳудуди  як соат суҳбат кардаанд.

Номбурда гуфт, ки ҳолати Абдулло хуб буда, бовар дорад, ки тафтишот ба зудӣ ва ба хубӣ анҷом меёбад ва назди хонаводааш бармегардад.

“Ҳолаш хуб аст, суҳбати хуб доштем. Бовар дорам, ки озодаш мекунанд. Иншоаллоҳ ҳамаш бахайр аст», – илова намуд Муборак.

Ҳамсари рӯзноманигор илова кард, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ  ба дӯстон, ба расонаҳои хабарӣ  ва ба кулли мардум  паём расонд ва гуфтааст, ки «Моро фаромуш накунед».

Баҳси додгоҳии Вазорати молия ва “Талко” бар сари пул

Ҳафтаи оянда баҳси додгоҳии Вазорати молияи Тоҷикистон бо корхонаи азими алюминий ва “Талко менеҷмент” баргузор хоҳад шуд.

Даъвогар дар ин баҳс Вазорати молия аст, ки мегӯяд, ширкати “Талко менеҷмент” фоиз ё баҳраҳои қарзи вазоратро саривақт напардохтааст ва акнун бояд бо ҷарима баргардонад.

Бар асоси иттилои ба расонаҳо дастрас шуда, “Талко менеҷмент” ба Вазорати молия беш аз 914 ҳазор доллар (11 миллиону 885 ҳазор сомонӣ) ва 1 миллиону 842 ҳазор юани чинӣ (37 миллиону 605 ҳазор сомонӣ) фоизи қарзҳоро саривақт насупорида, муқаррароти созишномаи байни ду тарафро иҷро накардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар воқеъ, байни ду тараф “баҳс дар бораи хидматрасонии қарз вуҷуд дорад ва дар додгоҳ баррасӣ мешавад.”

Ширкати “Талко” қазияро шарҳ надодааст ва ҷузъиёт ҳам маълум нест.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон санҷишҳои ташхиси COVID-19-ро дар марз ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба афзоиши ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷишҳоро дар ин самт дар сарҳад ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, мусофироне, ки тариқи роҳи ҳавоӣ ё заминӣ сафар мекунанд, бояд бо худ гувоҳнома (сертификат)-и ваксина гирифтан зидди коронавирусро дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати илова намуданд, ки айни замон дар фурудгоҳҳо ва сарҳади Тоҷикистон ягон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироят аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Дарвоз ҷасади як низомипӯшро ёфтаанд

Дар ноҳияи Шикайи Дарвози Афғонистон ва аз канори дарёи Панҷ субҳи 6-уми июл ҷасади шахсеро ёфтаанд, ки ба тан либоси низомии Тоҷикистонро дошта, ба иддаои шоҳидон, “дар қафаси синааш захми се тир аст”. Дар идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон хабарро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, дар бораи шахсияти ӯ маълумот надоранд.

Чанд сокини деҳаи Ҷорф – маркази Шикай – ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасадро баъди берун овардан аз об ба Нусай фиристоданд. Шоҳидони аз об берун овардани ҷасад гуфтанд, дар синаи ӯ осори се тир дида мешуд. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз манбаъҳои дигар имконпазир нест.

Ҳамзамон дар бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон хабарро тасдиқ карда, аммо таъкид намуданд, ки то ҳол дар бораи шахсияти ӯ маълумот надоранд.

Он ҷо гуфтаанд, ки, масъалаи интиқоли ҷасадро ба кишвар ба миён гузоштанд ва “ҳоло дар роҳ аст”. Қурбонов таъкид кард, ки аз қабл ҷасади чанд шахси ғарқшударо мекофтанд ва эҳтимол яке аз онҳост.

Бори навбатӣ. Нархи “солярка” дар Душанбе якбора боло рафт

Болоравии босуръати нархи сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар нуқтаҳои фурӯши шаҳри Душанбе идома дорад. Дар давоми шаш рӯзи аввали ҳамин моҳ арзиши 1 литри он қариб 6% – аз 12,8 сомонӣ дар рӯзи 1 июл то ба 13,5 сомонӣ дар имрӯз, 6 июл боло рафт.

Нархи 1 литри сӯзившории дизелӣ бо доллари амрикоӣ дар Душанбе имрӯз ба 1,3 доллар баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки нархи миёнаи он тайи 12 сол ( аз соли 2020) ҳамагӣ 0,85 сентро ташкил медод.

То ин дам дар зарфи ҳафтаи ахири моҳи июн ин сӯзишвории автомобилӣ дар нуқтаҳои фурӯши кишвар ба андозаи 7% қимат шуд.

Дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар низ сӯзишвории дизелӣ каме гарон шуд – аз 13,4 то ба 13,5 сомонӣ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend