Дар Тоҷикистон нархи барқ аз моҳи октябр боз боло меравад

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, аҳолӣ барои ҳар киловат соат нирӯи барқ 26,51 дирам (2,5 сент) пардохт хоҳанд кард.


Аз 1-уми октябри соли ҷорӣ нархи истифодаи қувваи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ боло бурда мешавад. Қарори Ҳукумат дар ин бора аллакай содир шуда, танҳо корхонаи алюминии “Талко” истисно мебошад, хабар медиҳад, Радиои Озодӣ.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 31-уми август тасвиб шуда, имрӯз расман нашр шуд, аҳолӣ барои ҳар киловат соат қувваи барқ 26,51 дирам (2,5 сент) пардохт хоҳанд кард. То ин вақт аҳолӣ барои ҳар киловат 22,66 (2,3 сент) пардохт мекарданд.

Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҷуз аз корхонаи алюминийи “ТАЛКО”, барои дигар гурӯҳи истифодабарандагон барқ аз 1-уми октябр қимат мешавад. Аз ҷумла, барои корхонаҳои саноатӣ 60,65 дирам, барои корхонаҳои буҷетӣ 26,51 дирам, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам.

Аз истисно будани корхонаи “Талко” қаблан низ интиқодҳо зиёд буданд, аммо масъулини “Талко” посух доданд, ки харидори яклухти барқ мебошанд ва ҳақ доранд бо нархи арзонтар барқро дастрас кунанд.

Масъулин сабабҳои қимат шудани барқро шарҳ надодаанд, пештар гуфта буданд, нархҳои феълӣ хароҷоти тавлиди барқро намепӯшонад.

Бори ахир истифодаи барқ дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2019 қимат шуда буд. Соли 2020 ҳукумат ба хотири пандемияи COVID-19 боло бурдани нархи барқ ва обро муваққатан манъ карда буд.