Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:3613.09.2022
Аз 1-уми октябри соли ҷорӣ нархи истифодаи қувваи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ боло бурда мешавад. Қарори Ҳукумат дар ин бора аллакай содир шуда, танҳо корхонаи алюминии “Талко” истисно мебошад, хабар медиҳад, Радиои Озодӣ.
Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 31-уми август тасвиб шуда, имрӯз расман нашр шуд, аҳолӣ барои ҳар киловат соат қувваи барқ 26,51 дирам (2,5 сент) пардохт хоҳанд кард. То ин вақт аҳолӣ барои ҳар киловат 22,66 (2,3 сент) пардохт мекарданд.
Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҷуз аз корхонаи алюминийи “ТАЛКО”, барои дигар гурӯҳи истифодабарандагон барқ аз 1-уми октябр қимат мешавад. Аз ҷумла, барои корхонаҳои саноатӣ 60,65 дирам, барои корхонаҳои буҷетӣ 26,51 дирам, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам.
Аз истисно будани корхонаи "Талко" қаблан низ интиқодҳо зиёд буданд, аммо масъулини "Талко" посух доданд, ки харидори яклухти барқ мебошанд ва ҳақ доранд бо нархи арзонтар барқро дастрас кунанд.
Масъулин сабабҳои қимат шудани барқро шарҳ надодаанд, пештар гуфта буданд, нархҳои феълӣ хароҷоти тавлиди барқро намепӯшонад.
Бори ахир истифодаи барқ дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2019 қимат шуда буд. Соли 2020 ҳукумат ба хотири пандемияи COVID-19 боло бурдани нархи барқ ва обро муваққатан манъ карда буд.
1878 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
14 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад