Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дар Тоҷикистон кодекси нави андоз қабул шуд. Кадом намуди андозҳо зиёд ва кадомаш кам карда шуд?
Дата публикации: 14:4303.11.2021
Вакилони парлумони кишвар дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи нави кодекси андози Тоҷикистонро баррасӣ ва қабул намуданд. Кодекси мазкур наздики ду соли охир таҳия мешуд ва дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро низ ба бор оварда буд.
Лоиҳаи нави кодекси андоз бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии Маҷлиси намояндагон.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ва содаву омафаҳм намудани муқаррароти он таҳия карда шудааст.
Қаблан дар лоиҳаи барои баррасӣ дар сомонаи Вазорати молия гузошташуда, тақсими меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда барои пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо ба назар мерасад, ки ба он аҳамият надодаанд.
Инчунин, ҳаҷми даромади умумии ширкатҳое, ки дар доираи низоми соддакардашудаи андозбандӣ фаъолият мекунанд, бетағйир боқӣ мондааст. Дар Кодекси андози амалкунанда супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, шахсе мебошад, ки даромади умумии он дар 12 моҳи охир аз 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Қаблан пешбинӣ шуда буд, ки ин маблағ то 3 миллион сомонӣ расонида шавад.
Меъёри андоз аз даромад аз 13 фоиз ба 12 фоиз кам карда шуд. Дар лоиҳаи қаблан муҳокима шуда, инчунин меъёри андози даромад вобаста ба андозаи маош пешниҳод гардида буд - ҳар қадар маош зиёд бошад, ҳаҷми андоз ҳамон қадар зиёд мешавад. Аммо ба эҳтимоли зиёд, пешниҳоди мазкур низ дар Кодекси андози қабулшуда вуҷуд надорад.
Лоиҳаи Кодекси пешниҳодгардида аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат мебошад. Дар он ҷиҳати мукаммал гардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.
Тағйироти қаблӣ ба кодекси андоз соли 2013 ворид шуда буд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се бор кодекси андозро иваз кардааст.
Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби андоз пур карда мешавад, ки он наздики 70 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи сарчашмаҳои байналмиллалӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ шомил аст.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
21 часов назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
21 часов назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
2 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
4 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
7 дня назад