Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:3924.09.2025
Дар Тоҷикистон аз 1 то 31 октябр маъракаи эмгузаронӣ бар зидди ВПО (вируси папилломаи одам) баргузор мешавад. Дар марҳалаи аввал эмгузаронӣ миёни духтарони 10-сола гузаронида мешавад.
Баъдан, пас аз ворид гардидани пурраи ваксинаи зидди ВПО ба тақвими миллии эмгузаронӣ, духтарони синни аз 11 то 14-сола низ фаро гирифта хоҳанд шуд.
Вазорати тандурустӣ нақша дорад ваксинаи зидди ВПО-ро дар давоми соли ҷорӣ ва соли оянда ба тақвими миллӣ ворид намояд.
Муттахассисон шарҳ медиҳанд, ки маҳз дар ҳамин синну сол ваксина самараноктар буда, посухи қавии масуниятиро шакл медиҳад.
Маърака бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025 тасдиқ шудааст. Вазорати тандурустӣ таъкид мекунад, ки барои омодагӣ ба эмгузаронӣ чорабиниҳои омӯзишӣ барои табибон ва кормандони соҳаи маориф, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ гузаронида мешаванд.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад