Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:3915.09.2026
Шурӯъ аз имрӯз, 15-уми сентябр талонҳои (варақаҳои) муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон тариқи электронӣ танҳо тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ - eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд. Дар ин бора “Ховар” бо истинод ба Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии кишвар хабар додааст. Бо ин вуҷуд, ба иттилои манбаъ, ҳозир шудан ба нуқтаи ташхис ҳамоно ҳатмӣ боқӣ мемонад, зеро муоинаи воситаи нақлиёт минбаъд низ ба таври ҳузурӣ дар нуқтаи ташхисии БДА гузаронида мешавад.
Гузаштан аз муоинаи ҳатмии техникии воситаи нақлиёт дар нуқтаи ташхисии БДА марҳилаи якум буда, воситаҳои нақлиёт бояд аз санҷишҳои зерин гузаранд:
Марҳилаи дуюм ин ба расмият даровардани талони электронӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ - eKhizmat.tj будааст.
Пас аз гузаштани ташхис ба соҳибони воситаҳои нақлиёт зарур аст, дар муҳлати 30 рӯз тавассути портали eKhizmat.tj дархост пешниҳод кунанд. Дар ҳолати гузаштани ин муҳлат ташхиси техникӣ бояд такроран гузаронида шавад. Барои пешниҳоди дархост танҳо нишон додани рақами давлатии воситаи нақлиёт кофӣ будааст.
Портал ба таври худкор фаъол буда, маълумотро дар бораи ташхиси гузаронидашуда месанҷад, пардохти андози нақлиётро тафтиш мекунад, маблағи боҷи давлатӣ (ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар соли 2026 ба 156 сомонӣ баробар аст) ва ҳаққи хизматрасониро (50 сомонӣ) ҳисоб мекунад ва ҳисобномаҳо барои пардохти онлайниро таҳия менамояд.
Пас аз иҷрои талаботҳо ва анҷоми пардохт талони электронӣ (варақа) ба таври худкор таҳия шуда, муҳлати амали он ба муҳлати амали ташхис мувофиқ хоҳад буд.
Муоинаи техникӣ ягона талаблот барои соҳибони мошинҳо набуда, қонунгузории кишвар пардохту ӯҳдадориҳои гуногун, аз қабили андози воситаи нақлиёт, утилизатсия ё нобудсозии мошинҳо, бима ё суғуртаи воситаи нақлиёт, дар сурати сиёҳшиша намудан, дарёфти иҷозаи онро пешбинӣ намудааст.
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
2 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
2 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
5 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
5 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
9 дня назад