Дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад

Дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилотяҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Дар ин бора 4-уми декабр фармони президенти Тоҷикистон нашр гардид.

Ҳамзамон тибқи фармони раҳбари давлат 28-уми марти соли 2025 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ мутобиқи Қонун “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” 2 марти соли 2025 гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки охирин интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми марти соли 2020 баргузор гардида, дар он аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аксари курсиҳои вакилони парлумонро соҳиб шуда буданд.

Skip to toolbar