logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон “идгардак”-ро расман манъ карданд

Ҳамчунин, гуселу пешвози ҳоҷиён ва умракунандагон, воридот ва пӯшидани либосҳои "ба фарҳанги миллӣ" бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ гардид.

Your tj

13:4315.05.2024

Дар Тоҷикистон “идгардак”-ро расман манъ карданд

Тибқи тағйиру иловаҳои нав ба Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар як ҷаласаи парлумони кишвар қабул гардид, “идгардак” барои кӯдакон манъ карда шуда, дар маъракаҳои тӯйю азодорӣ маҳдудияти нав ҷорӣ гардид. Ҳамчунин, гуселу пешвози ҳоҷиён ва умракунандагон ва пӯшидани "либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона" манъ гардид.

Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садом мардум” хабар дод.

Сулаймон Давлатзода раиси Кумитаи дин дар ҷаласаи парлумонӣ гуфтааст, ин тағйирот мувофиқ ба талаботи замон аст.

Дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, ин тағйирот “бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” гирифта шудааст.

Мақомдори гуфтааст, “дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад”.

Чанд соли охир дар хусуси “идгардак” кардани кӯдакон дар Тоҷикистон, баҳсҳои сурат мегирад.

Дар Тоҷикистон кӯдакони дар рӯзи Иди Рамазон ва Иди Қурбон “идгардак” мекунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

1 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

5 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

8 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

8 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ