Дар Тоҷикистон хизматрасонии шиносномадиҳии ВКД – и Русияро кушоданианд

Ин амал имкон фароҳам меорад, ки 80 фисади коргузорӣ зимни таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо пеш аз оғози сафар ба роҳ монда шавад.


Акс аз РИА Новости

ВКД – и Русия ният дорад,ки  дар Тоҷикистон филиали Корхонаи воҳиди федералии «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и вазоратро кушояд, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Ин пешниҳодро муовини якуми директори КВФ «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и ВКД -и Русия Сергей Куликов зимни мулоқот бо муовини Вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ баён кард.

Гуфта мешавад, ки кушодани филиали КВФ «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид» дар Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки 80 фисади коргузорӣ зимни таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо пеш аз оғози сафар ба роҳ монда шавад.

“Баъди ворид гардидан ба қаламрави Русия шаҳрвандони Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай соҳиби иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ буда, метавонанд ҳамон замон ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намоянд. Ҳамзамон шаҳрвандон имконият пайдо мекунанд, ки пеш аз сафар аз ташхиси тиббӣ гузашта, бо шароити кории корфармо, қарордоди меҳнатӣ, музди меҳнати худ огоҳ гарданд ва пас аз муайян намудан бе миёнарав, бо музди меҳнати нисбатан зиёдтар сафар намоянд”- омадааст дар хабарномаи Ховар.

Сергей Куликов дар ин мулоқот ҳамчунин  изҳор доштааст, ки дар ҳолати ҷонибдорӣ гардидани пешниҳод вобаста ба содда гардонидани ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, омодаанд, ки бо гурӯҳи кории  КВФ «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид» ба Тоҷикистон сафар намояд.

КВФ «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и ВКД Русия ба таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳои бахши муҳоҷират машғул буда, дар баробари шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург дар 57 субъекти Русия фаъолият мекунад.

Инчунин корхонаи мазкур  дар доираи созишномаҳои дуҷониба бо як қатор кишваҳори узви ИДМ намояндагиҳои худро  дар хориҷи кишвар низ таъсис дода, ба шаҳрвандони хориҷӣ  иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсия Русияро  медиҳад.