Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2212.03.2025
Дар Тоҷикистон аз 15 то 21-уми март Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” баргузор мешавад. Дар он ҷавонони фаъол ва роҳбарони ҷавони 30 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон.
Гуфта мешавад, чорабинии мазкур дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад.
Дар рӯзи аввали Фестивал дар шаҳри Душанбе маросимими ифтитоҳ ва сессияи якум дар мавзуи “Наврӯз ҳамчун рамзи навсозӣ ва ҳамоҳангӣ бо табиат”, шинонидани ниҳол дар аксияи “Дарахти дӯстӣ” ва маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, ба иттилои манбаъ, сессияву форумҳо ва мизҳои гирд дар масъалаҳои байналмилалӣ: нақши ҷавонон, ҳифзи пиряхҳо ва таъсири ташаббусҳои ҷавонон ба иқтисодиёт гузаронида мешавад.
Дар ҷараёни фестивал иштирокдорон ба шаҳрҳои Панҷакент ва Истаравшан сафар намуда, дар чорабиниҳои наврӯзӣ иштирок мекунанд.
Форуми ниҳоӣ дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, ки дар он масъалаҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Гуфта мешавад, мақсади чорабинии мазкур муттаҳид намудани ҷавонони кишварҳои ҷаҳон дар асоси арзишҳои умумии сулҳу дӯстӣ, ҳифзи дастовардҳои фарҳангӣ ва тарғиби мероси фарҳангии Наврӯз ҳамчун рамзи навсозӣ ва умед ба ояндаи неку дурахшони насли ҷавон аст.
143 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад