Ҷудошавии оилаҳо дар 11 моҳи соли 2022 дар Суғд ба 3948 мерасад.

Дар Тоҷикистон фавт зиёду таваллуд кам, вале талоқ каму издивоҷ бештар шудааст

Зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 8-уми август вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иттилоъ дод, ки давоми 6 моҳи соли 2023 дар кишвар 5 ҳазору 370 ҳолати бекоркунии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1825 ҳолат ё 26% камтар мебошад.

Дар шашмоҳаи соли 2022 дар кишвар 7 ҳазору 25 ҳолати ҷудошавӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Ҳамчунин, вазири адлияи Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳолатҳои сабти издивоҷ дар ҷумҳурӣ тайи нимсола 9% зиёд шудаанд.

Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон дар ин муддат беш аз 32,1 ҳазор никоҳро ба қайд гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 ҳазор адад зиёд мебошад.

Инчунин, вазир қайд намуд, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои сабти таваллуд дар нимсолаи аввали соли равон 108 ҳазорро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 3% коҳиш ёфтааст.

Баръакси ин, сабти ҳолатҳои фавт дар ҷумҳурӣ 4% зиёд шуда, ба беш аз 17 ҳазор ҳолат расидааст.

Skip to toolbar