logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон боз номи 5 ҳазор минтақаро иваз мекунанд

Ба ақидаи масъулин номҳои пештара ба воқеияти имрӯза мувофиқат намекунанд.

Your tj

13:4301.08.2023

Дар Тоҷикистон боз номи 5 ҳазор минтақаро иваз мекунанд

Дар назар аст, ки дар Тоҷикистон ҳудуди боз 5 ҳазор (!) минтақаи аҳолинишин ва ҷуғрофии дигар аз нав номгузорӣ шаванд. Ин нуқтаро Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳаллӣ зимни нишасти хабарӣ қайд намуд.

Ба гуфтаи Ҷумъазода, гурӯҳи кории вижа аз моҳи ноябри соли 2021 беш аз 12,5 ҳазор номгӯи мавзеъро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае омадааст, ки номи 4 ҳазору 31 объекти ҷуғрофӣ ва 802 минтақаи аҳолинишин ба воқеияти имрӯза мувофиқат намекунад.

Дар ояндаи наздик дар вилояти Суғд номи 170 минтақаи аҳолинишин, дар вилояти Хатлон 342, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 238 ва дар ВМКБ 52 маҳал номи худро иваз мекунанд, қайд намуд Ҷумъазода.

Ӯ қайд кард, ки иваз кардани номи минтақаҳои аҳолинишин як раванди доимӣ аст ва идома хоҳад ёфт.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

2 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

6 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

9 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

9 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ