fbpx

Дар Тоҷикистон боз борону барф меборад

Кумита ба сокинони навоҳии кӯҳиву назикӯҳӣ тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ҳангоми чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ эҳтиёт кунанд. 


0
©️Идибеки Саид/Your.tj

Рӯзҳои 21-22-юми январ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар борону барфи пуршиддат меборад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо  такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар дод.

Манбаъ меавзояд, дар аксари ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Варзоб-Айнӣ-Хуҷанд, Ваҳдат-Рашт-Тоҷикобод-Лахш, Душанбе-Сангвор, Шамсиддини Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз таҷҳизоти гармкунии барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз дастгоҳҳои  барқии худсохт истифода набаранд.

Ин ниҳод ба аҳолӣ ҳушдор медиҳад, ки вақти истифода бухориҳо бештар эҳтиёт кунанд.

Кумита ба сокинони навоҳии кӯҳиву назикӯҳӣ тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ҳангоми чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ эҳтиёт кунанд.

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқии гармкунанда қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намоянд.

Дар ҳоли рух додани ҳолати фавқулода шумо метавонед ба рақами 112 ва ё телефонҳои  (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend