Дар Тоҷикистон аз 29 ноябр то 1 декабр ҳавои ноустувор мешавад. Дар аксари минтақаҳо боридани борон ва барф дар назар аст. 30 ноябр ва 1 декабр дар як қатор минтақаҳо боришот шадид хоҳад буд, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон бо истинод ба Маркази обуҳавошиносӣ.
Дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ меғ мефарояд, ки дар натиҷа камтар аз 1 км дуриро дидан мушкил мешавад.
Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ хатари омадани сел боқӣ мемонад, дар доманакӯҳҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд) ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.
29-30 ноябр дар натиҷаи боришот баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз доманакӯҳҳои ҷанубии Ҳисор ҷорӣ мешаванд, пешбинӣ карда мешавад.
КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро барои сафар омода кунанд, то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд, ҳангоми корҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд, аз чарондани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода мешавад, ки аз кӯҳгардӣ худдорӣ намоянд.