logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳии муосири роҳҳои талхагузар бо усули лапароскопӣ анҷом шуд

Your tj

10:4815.04.2026

Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳии муосири роҳҳои талхагузар бо усули лапароскопӣ анҷом шуд

Дар Муассисаи «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ҷарроҳӣ бо истифода аз усули лапароскопӣ ва таҷҳизоти муосир анҷом дода шуд. Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар ин навъи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон бори аввал гузаронида шуд.
Ба иттилои ин ниҳод, табибон амалиёти гузоштани анастамоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигариро бо усули каминвазивӣ (лапароскопӣ) ва ҳамзамон ревизияи роҳҳои талхагузарро бо истифода аз дастгоҳи Eye Max бомуваффақият анҷом доданд.
Гуфта мешавад, бемор бо нишонаҳои дарди шадид, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, зардшавии чашм ва сустии умумӣ ба муассиса муроҷиат кардааст. Пас аз ташхис ба ӯ бемории тангшавии қисми ниҳоии роҳҳои талхагузар, васеъшавии кистозӣ ва зардпарвини механикӣ муайян шудааст.
Дар марҳилаи аввал, барои рафъи зардпарвин, ба бемор амалиёти эндоскопии стентгузорӣ бидуни буриш гузаронида шудааст. Баъдан, пас аз беҳбуди вазъ, дар марҳилаи дуюм ҷарроҳии асосӣ бо усули лапароскопӣ анҷом дода шуд.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки қаблан чунин бемориҳо бо усули анъанавӣ ва бо буриши калон (то 14–16 см) ҷарроҳӣ мешуданд, ки давраи табобатро тӯлонӣ мекард. Истифодаи усули лапароскопӣ имкон медиҳад, ки беморон зудтар шифо ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба зиндагии муқаррарӣ баргарданд.
Ба гуфтаи манбаъ, табибони марказ барои ҷорӣ кардани ин усулҳои муосир дар кишварҳои хориҷӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

10 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

10 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ