Дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар шахсони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд

То моҳи июли соли 2025 дар Тоҷикистон 415 нафар шахсони синнашон аз 100-сола боло ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин бора Қудратулло Саъдулло, сардори Раёсати назорати нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дарозумртарин сокинони кишвар:

  • Марзиямоҳ Ибодова, сокини ноҳияи Дарвоз — 120-сола (соли таваллуд 1905);
  • Гулракат Назарова, сокини ноҳияи Данғара — 117-сола (соли таваллуд 1908) мебошанд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2025, дар кишвар 306 нафар шахсони синнашон аз 100-сола боло зиндагӣ мекарданд, ки аз онҳо 169 мард ва 137 зан мебошанд.

Гуфта мешавад, дарозумрии миёнаи аҳолӣ ба 76,6 сол расидааст, ки нисбат ба даҳсолаи гузашта баландтар будааст.

Масъулин афзоиши шумораи дарозумронро ба беҳбуди шароити зиндагӣ, дастрасии беҳтари тиббӣ ва таъмини иҷтимоии куҳансолон рабт медиҳанд.

Тибқи пажӯҳишҳои СММ, омилҳои асосии дарозумрӣ рушди иқтисодӣ, коҳиши фавти кӯдакон, кам шудани бемориҳои дилу раг, коҳиши истеъмоли машрубот ва тамоку, паст шудани сатҳи худкушӣ ва ҷиноятҳо мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолӣ то соли 2030”-ро амалӣ мекунад, ки ба беҳбуди сифати зиндагӣ ва дарозумрии шаҳрвандон равона шудааст.

Skip to toolbar