fbpx

Дар Тоҷикистон барои истифода аз хизматрасониҳои фолбину ҷодугарон расман ҷазо муқаррар шуд

Тибқи тағйирот барои истифода аз хизматрасониҳои онҳо ба андозаи аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст.


0
Акси марбута аз РВКД дар шаҳри Душанбе

Дар Тоҷикистон барои истифода аз хизматрасонии фолбину ҷодугарон расман ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки аз 31-уми июл тағйиру илова ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт.

Ба навиштаи ин ниҳод ба моддаи 482-и ин кодекс иловаи 1 (истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин) ворид карда шудааст.

Тибқи талаботи ин банд нисбати шаҳрвандоне, ки “ба назди фолбинон рафта, аз чунин хизматрасониҳо истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 50 (3750 сомонӣ) то 60 (4500 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст”.

Як нишондиҳанди барои ҳисобҳо дар соли 2025 ба 75 сомонӣ баробар аст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҳукумати кишвар дар як пешниҳоди худ ба порлумони кишвар зикр карда буд, ки ба моддаи 482-и КҲМ Тоҷикистон илова ворид карда шавад.

Лоиҳаи ҳукумати кишвар барои истифода аз хизматрасонии фолбину ҷодугарон ҷазо дар намуди ҷарима ба андоза аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ мекард.

Вазорати корҳои дохилии кишвар низ борҳо аз рафтан ба назди фолбину ҷодугарон ва истифода аз хизматрасонии онҳо изҳори нигаронӣ карда буд.

Соли гузашта ин ниҳод гуфта буд, ки онҳое ба назди фолбинҳо мераванд, ба мақомот даъват шуда, ном ва аксҳояшон дар махзани ВКД гузошта мешавад.

Дар кишвар соли гузашта ҷазо барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ сахттар шуд.

Тибқи тағйирот ба моддаи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ муайян шудааст.

Ҳамзамон мувофиқи моддаи 240 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон такроран ба сеҳру ҷоду машғул шудан ҷиноят ҳисобида мешавад.

Мувофиқи тайғироти воридшуда ба Кодекси ҷиноятӣ, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо дода мешавад.

Вазорати корҳои дохилии кишвар мегӯяд, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар кишвар 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ба қайд гирифта шудааст.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend