Ҷазо барои ҳаракатҳои бадахлоқона дар Тоҷикистон сахттар шуд

Дар Тоҷикистон барои ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғон ҷазоро сахттар карданд

Русия як зодаи Тоҷикистонро ба ҷустуҷӯи байналмиллалӣ додааст

Як зодаи Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Русия ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ дода шудааст. Интерпол дар сомонаи расмиаш навиштааст, ки Маликмаҳмад Қувватови 37-сола ба узвият дар созмонҳои мусаллаҳу террористӣ гумонзад аст.

Акс аз “Озодӣ”

Дар ин бора Радиои “Озодӣ” хабар медиҳад.

Дар аксе, ки моҳи ноябр Интерпол дар иттлои ӯ гузоштааст, ин зодаи Тоҷикистон силоҳ ба даст тасвир ёфтааст.

Маликмаҳмад Қувватовро моҳи апрели имсол дар рӯйхати навшудаи гумонбарон ба терроризм дар Русия ҷой дода буданд.

Маълум нест, мақомоти Тоҷикистон ҳам дархости боздошти ӯро додаанд ё не.

Радиои “Озодӣ” мегӯяд, номи Маликмаҳмад Қувватов дар рӯйхати Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори шахсони алоқаманд ба терроризм зери рақами 819 зикр шудааст.

Фонди президенти Тоҷикистон барои соли 2024 беш аз 51 млн. доллар муқаррар шудааст

Фонди захиравии президенти Тоҷикистон барои соли 2024 беш аз 563,4 миллион сомонӣ (51,5 миллион доллар) муқаррар шудааст, ки он тибқи салоҳдиди сарвари давлат харҷ мешавад.

Ин маблағ барои соли оянда қариб 1,3 дарсади тамоми хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Буҷаи мамлакат барои соли 2024 беш аз 44,1 миллиард сомониро (4 миллиард доллар) муайян шудааст.

Маблағи Фонди захиравии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2024 нисбат ба соли ҷорӣ 68 миллион сомонӣ ё 13,7 фоиз зиёд аст. Маблағи Фонд аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар соли 2023-юм 495,4 миллион сомониро ташкил медод.

Маблағи ин Фонд, тибқи иттилои расмӣ, аз ҷониби роҳбари давлат барои чорабиниҳои гуногун харҷ карда мешавад.

Дар Тоҷикистон барои ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғон ҷазоро сахттар карданд

Тибқи тағйироти ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, ҷазо барои ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғон сахттар гардид.

Акс аз сомонаи ratel.kz

Парлумони кишвар ин тағйиротро қабул намуд ва он 13-уми ноябри соли 2023 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон имзо шудааст.

Банди нав ба моддаи 142-и Кодекси ҷиноятӣ ворид гардида, тибқи он барои ҳаракатҳи бадахлоқона “нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида” аз панҷ то ҳашт соли зиндон бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки то ин замон барои ҳаракати бадахлоқона нисбати шахсони баръало ба синни 14 нарасида, аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ шуда буд.

Содиршавии ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғон солҳои охир дар расонаҳо зиёд баҳс мешавад.

Дар Қирғизистон мехоҳанд парчамро тағйир диҳанд

Дар Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи тағйири парчами давлатӣ қабул шудааст.

Онро вакилони порлумони ин кишвар рӯзи 29-уми ноябр қабул кардаанд. Ин лоиҳаро 66 вакил ҷонибдорӣ карда, 8 нафар зид баромадааст.

Парчами ҳозираи Қирғизистон (аз чап) ва парчами нав (аз рост)

Тағйири акси нурҳои офтоб дар парчами Қирғизистонро моҳи октябр Улан Примов ва раиси порлумони он кишвар Нурланбек Шакиев пешниҳод карда буданд.

Skip to toolbar