Дар Тоҷикистон аз куҷо метавон китобро ба иҷора гирифт?

Новобаста ба он ки, имрӯз насли нав ба вобастагии сайберӣ гирифторанд, миёнашон афроди китобхон низ кам нестанд. Аммо бештари вақт дар ёфтан ва харидани китобҳои мақбул мушкилӣ пеш меояд.

Ба фарзияи бештари калонсолон китоб нахондани насли нав камбудии ҳалношуданист. Аммо ҷавонон гаронии нархи китобро дар бозор асоси дур шуданашон аз китобу китобхонӣ медонанд.

Лоиҳа барои осондастрасии китобҳо ба хонандагон

Як гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд бо таъсис додани системаи дастраскунии ройгони китоб бо номи BookBerry TJ мехоҳанд, мушкили ҷавононро, ки гаронии китобро баҳона карда онро намехонанд, осон кунанд. Онҳо китобро ройгон ба мизоҷон дастрас мекунанд. Мизоҷ дар муҳлати муайян китобро иҷора гирифта, мехонад ва фақат иҷорапулии онро медиҳад.

Яке аз муаллифони идеяи мазкур Фирдавс Муллоев мебошад, ки мо бо ӯ атрофи лоиҳаашон суҳбат кардем.

Фирдавс Мулоеви 24 сола зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстонро хатм карда, баъдан дар Донишкадаи политехникии ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд бо ихтисоси муҳандис-технолог таҳсил кардааст. Айни ҳол, дар ширкати “Ливо” роҳбари маркази иттилоотӣ мебошад. Вақтҳои холигиашро бо омӯзиши забонҳо, маркетинг ва пеш бурдани стартапҳои худ мегузаронад.

Идеяи BookBerry TJ ба дугоникҳо тааллуқ дорад

Аслан, дар ташкили BookBerry TJ саҳми 3 нафар ҷавонҳо, аз ҷумла, додарони Фирдавс – Ҷамшед ва Хуршед Муллоевҳо (19 сола) ва Рашод Расулови (14 сола) низ будааст. Додарони Фирдавс низ ҳамчун акаашон китобдӯст будаанд. Идеяи ташкили дастрас кунондани китоб ба мизоҷонро маҳз ба додарони Фирдавс тааллуқ дорад. Онҳо дар пеш бурдани кор ба Фирдавс Муллоев ёрӣ медиҳанд.

“Нархи китоб дар мағозаҳо ба киссаи на ҳама мувофиқ аст. Барои ҳамин хостем, ки имконияти ба ҳама дастрас шудани китобро ёбем, – бо як ифтихори ба худ хос нақл кард Фирдавс. – Ҳозир кам касон ба китобхонаҳо мераванд. Айни замон қариб ҳама дар интернет мешинанд. Мо аз ин истифода бурда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи BookBerry TJ саҳифа кушода, иҷора додани китоб ва ройгон бурда расондани онро тарғиб карда истодаем”.

Ӯ мегӯяд, мизоҷон метавонанд, дилхоҳ китобро ба иҷора гиранд. Ё он китобҳои электроние, ки дар интернет пулакӣ аст, аз BookBerry TJ дастрас кунанд.

Акс аз BookBerry TJ

BookBerry TJ чӣ гуна кор мекунад?

Системаи кории BookBerry TJ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шудааст. Феҳрестҳои китоб дар саҳифаҳои Фейсбуку Инстаграми ин гуруҳ барои ҳамагон дастрас мебошад.

“Шарту шароити истифодабарӣ ва дастрас намудан он қадар душвор нест. Мо китобҳои фармудаи мизоҷонро ройгон дастрас мекунем. Ҳангоми қабули китоб 50%-и хизматрасониро пардохт мекунанд. Боқимондаашро ҳангоми баргардонидан медиҳанд.

Нархи хизматрасонӣ вобаста ба хелӣ китобҳо аз 10 сомонӣ сар мешавад. Ба мизоҷ 10 рӯз муҳлат пешбинӣ мегардад. Ҳангоми аз муҳлат зиёд истифода кардан ҳар рӯзи иловагӣ 3 сомонӣ ҷамъ мешавад. Агар ба китобҳо зарар расонида шавад, ҷарима гузошта мешавад”, – тартиби корро шарҳ додам мегӯяд роҳбари BookBerry TJ.

Феълан, хизматрасонии дастраскунӣ танҳо дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст. BookBerry TJ. Айни замон як хаткашон дорад, ки барои дастраскунии китобҳо машғул аст.

Мизоҷони BookBerry TJ киҳоянд?

Мафтун Тимурова сокини 32 солаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар зери як пости саҳифаи BookBerry TJ аз онҳо миннатдорӣ карда навиштааст: “Имрӯз баъди нисфирӯзӣ китобро фармоиш додам. Гуфтанд, ки соати 6 мерасонем. Офарин, бачаҳо! Китоб дар вақти ваъдагӣ расониданд. Ба Шумо барор! Умедворам, ки доим ба Шумо китоб фармоиш медиҳам”.

Дар робита ба ин, Фирдавс мегӯяд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 6-7 фармоиш гирифта истодаанд.

“Сафи мизоҷон зиёд шуда истодаанд. Лекин ҳозир аудиторияи мо на он қадар калон мебошад. Бештари мизоҷон аз 14 – 35 сола ҳастанд. Онҳо бештар роман ва асарҳои таҳрикдиҳанда (мотивотсионӣ) фармоиш медиҳанд. Мо китобҳоро асосан аз Русия ва Қазоқистон мехарем. Феълан, дар хазинаи мо зиёда аз 500 номгӯи китобҳо ҳаст. Боз теъдоди онҳоро зиёд карда истодаем” , – мегӯяд Фирдавс Муллоев.

Дар Душанбе аз куҷо китоб иҷора гиифтан мумкин?

Дар Душанбе низ онлайн мағозаҳои китоб зиёд аст. Аммо на ҳамаи онҳо китобро иҷора медиҳанд ё то хонаи мизоҷ бурда мерасонанд. Мо 3 саҳифае, ки дар Фейсбуку Инстаграм фаъол аст ва ба мизоҷон китобро иҷора медиҳад, ҷамъ овардем.

Детские книги Душанбе

Маҳбуба Суванова муаллифи саҳифаи “Детские книги Душанбе ” мебошад. Саҳифаи ӯ барои кӯдакону наврасон аст. Китобҳои онҳо бештар ба бачаҳои синни хурди мактабӣ, аз ҷумла, барои аз 6 то 12 сола аст. Иҷораи китоб дар онҳо 1 сомонӣ дар як рӯз будааст. Дар айни ҳол дастраснамоии китоб дар онҳо вуҷуд надорад.

“Мо зиёда аз 300 китоби бадеии замонавӣ дорем. Волидон бештар бо мо тамос гирифта, китоб омада мегиранд. Аз ҷумла, духтараки ман – Самия Махкамова хонандаи доимии мост. Ӯ 12 сола аст ва аз 7 солагӣ китоб мехонд. То имрӯз аз 300 адад зиёд китоб хондаст. Он қадар доноча шудаст, ки напурседу нагӯям, – хурсандона мегӯяд Маҳбуба.

– Бештари китобҳои хондааш бо забони русӣ аст. 30 – 40 китоб ба забони англисӣ, ки барои ғайри соҳибзабонон аст, хондааст. Ба Самия қиссаҳои афсуномез ва тадқиқотӣ маъқул аст. Волидон барои дигар кӯдакон низ ҳамин гуна китобҳоро аз мо иҷора мегиранд. Мо пули иҷораро ҷамъ карда, боз он китобҳое, ки дар Душанбе нест, фармоиш дода мехарем”.

KitobGir

“KitobGir” саҳифаест,ки дар Фейсбук ба китобдӯстон китобҳои навро муаррифӣ мекунад. Онҳо китобро бо 30 фоиз тахфиф ба мизоҷон иҷора медиҳанд. Иҷорадиҳии онҳо вазнинии харидани китоб ва душвории истифодабарии китобҳои электрониро иваз мекунад.

Книги Душанбе

Саҳифаи “КНИГИ Душанбе” дар Фейсбук ва Инстаграм фаъол аст. Онҳо китобро бо нархи дастрас мефурӯшанд ва ҳам ройгон бурда медиҳанд. Маблағи иҷораи китоб дар онҳо низ дастрас аст.

Бачаҳои BookBerry TJ низ мақсад доранд, ки доираи фаъолияташонро васеъ карда, дар Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии атрофи пойтахт фаъолиятро ба роҳ монанд.

“Нақша дорем, ки сайт созем ва дар он ҷо ҳама намудҳои китобро ҷойгир кунем. Айни замон хизматрасонии мо танҳо дар шаҳри Хуҷанд аст. Агар имкон шавад, ин намуди хизматрасониро пурра дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе низ ба роҳ мемонем”, – хушбоварона гуфт Фирдавс Муллоев.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar