Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:2911.02.2025
Имрӯз, 11-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон иловаи воридгардида ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро имзо кард, ки тибқи он акнун ҳар сол 1-уми июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти президент хабар дод.
Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимии мавсимист, ки дар миёни мардуми тоҷик бо риояи расму ойинҳои хос таҷлил мешуд ва чанд рӯз давом меёфт.
Рӯзи 30-юми январ дар ҷаласаи охири Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур баррасӣ шуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, ҳамчунин қонун “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”-ро, ки тибқи он ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз манъ карда мешавад, имзо кард.
Президенти Тоҷикистон дар паёми худ ба парлумон, 28 декабри соли 2024 ҷорӣ кардани мораторий ба фаъолияти соҳибкоронро эълон карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба қонунҳо “Дар бораи истеҳсолоти органикӣ”, “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва ба Кодекси андоз имзо кард.
Гуфта мешавад, матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
8 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
14 часов назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
3 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад