logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ҷараён дорад

Your tj

14:5421.04.2026

Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ҷараён дорад

Аз 20 то 25 апрели соли 2026 дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ҷараён дорад. Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи аҳамияти ваксинагузаронӣ равона шудааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар ин маърака бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва шарикони байналмилалӣ амалӣ мегардад.

Имсол Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия таҳти шиори «Ваксинаҳо ҳама наслҳоро муҳофизат мекунанд» баргузор шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба зарурати ваксинагузаронӣ дар ҳамаи марҳилаҳои ҳаёт мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон сатҳи фарогирии ваксинаҳои асосӣ зиёда аз 90 фоизро ташкил медиҳад. Ин ваксинаҳо зидди бемориҳое чун фалаҷ, гулузиндонак, кузоз, кабудсулфа, сурхча, баногушак, гулафшон, сироятҳои гемофилии намуди Б, пневмококкӣ ва ротавирусӣро дар бар мегиранд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки моҳи октябри соли 2025 ваксинаи зидди вируси папилломаи инсон (ВПЧ) ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид гардидааст. Дар ҳамин замина, аз 1 то 30 апрел дар кишвар ваксинагузаронӣ бар зидди ВПЧ барои духтарони 10-сола идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

18 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ