fbpx

Дар Темурмалик 18 нафар пас аз истеъмоли консерва заҳролуд шуда, 4 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Мусодираи 500 килло маводи нашъаовар дар Душанбе

Фаъолияти пинҳонии як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе қатъ карда шуд.

Созмондиҳандаи гуруҳ сокини 46-солаи маҳаллаи Зарафшони пойтахт Азизулло Абдуллоев мебошад, ки қаблан дар Русия барои даст доштан дар қаллобӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шудааст.

Ба гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша инчунин донишҷӯйи 23-сола аз Душанбе Сиёвуш Содиқов, зодаи 37-солаи Ванҷ Сорбон Сабзқадамов, сокини 37-солаи пойтахт Шамсулло Саидшарипов, омӯзгори 57-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ Бӯрон Саматов, ҳамдиёри 35-солаи ӯ Мурод Хӯҷаев ва шаҳрванди 48-солаи Ӯзбекистон Азамат Тӯлаганов низ шомил будаанд.

Боздоштшудагон муддати тӯлонӣ ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо машғул будаанд.

Дар ҷараёни амалиёти махсус аз афроди дар боло зикршуда ҳудуди 500 кило маводи нашъаовари арзишаш 6 млн доллар мусодира шудааст. Аз онҳо инчунин 6 мошини гаронбаҳои хориҷии нархи умумиашон 1 млн 784 ҳазор сомонӣ, хонаву бӯстонсароҳо бо арзиши умумии зиёда аз 50 млн сомонӣ низ мусодира гардидааст.

Дар Темурмалик 18 нафар пас аз истеъмоли консерва заҳролуд шуда, 4 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд

Додситонии ноҳияи Темурмалик ба таҳқиқи заҳролудшавии 18 узви як хонавода оғоз кардаааст, ки 4 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса нимашаби 1-уми октябр дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Темурмалик рух дода, танҳо ҳоло ҷузъиёти он ошкор гашт.

Як манбаъ дар додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиш мунтазири натиҷаи ниҳоии ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳодисаи зоҳролудшавӣ чаҳор нафар, Умедҷон Ҳамидови 40-сола, Муяссара Қулматоваи 32-сола, Сумая Додозодаи 6-сола ва Рухсора Қулзодаи 2-сола ба ҳалокат расидаанд.

“Тафтиши аввалия муайян кардааст, ки Дадаҷон Нурхонов, рӯзи 30-юми сентябр дар хонааш оши палов омода ва ҳамаи хонаводаро даъват мекунад. Дар вақти истеъмоли ош як бонкаи дулитраи хуриши иборат аз помидор, пиёз, сирпиёз ва қаланфури булғориро истеъмол мекунанд ва аз ҳамин заҳролуд мешаванд. Ҳоло тафтиш ҷараён дорад ва ташхис дақиқан аз чӣ заҳролуд шудани онҳоро дақиқ хоҳад кард,”- афзуд ҳамсуҳбат дар додситонии минтақаи Кӯлоб.

Чаҳор нафар аз заҳролудшудагон ҳоло дар шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистариянд ва пизишкон аҳволи онҳоро муътадил мегӯянд.

Абдукарим Шокиров, сартабиби ин бемористон рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шаш нафаре, ки аввал ба бемористон оварда шуданд, тамоми узвҳои баданашон заҳролуд шуда буд, аз ин рӯ табибон натавонистанд чаҳор нафари онҳоро наҷот диҳанд.

“Мо барои наҷоти дигаронашон тамоми талошамонро кардем. Ҳоло чаҳор нафари дигараш мондааст, рӯзҳои наздик ҷавобашон медидем”, –гуфт сардухтур.

Толибон аз ИМА талаб доранд, ки онҳоро аз рӯйхати террористон хориҷ кунад

Сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон аз мақомоти ИМА дархост кард, ки раҳбарони толибонро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.

Хайруллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон дар мусоҳиба бо шабакаи “ал-Ҷазира”-и Қатар аз мақомоти ИМА дархост кард, то раҳбарони ин гурӯҳро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.

“Ба амрикоиҳо лозим аст, ки нуқтаи назари худро дар бораи ворид кардани раҳбарони Толибон ба рӯйхати террористон бознигарӣ кунанд”, – гуфт ӯ.

Онҳо вуҷуди исмҳои моро дар ин рӯйхат ҳамчун фишор ба ҳукумати  Афғонистон истифода мебаранд. Мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки усулҳои дипломатиро риоя кунанд, зеро ба назари ман, ин дар оянда ба онҳо фоидае намерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида бояд ба Толибон имкони хидмат ба мардуми худро диҳад.

“Аз амрикоиҳо мехоҳем, имконият диҳанд, ки ба мардуми худ хидмат кунем, ҳарчанд мо ва мардум мефаҳмем, ки дар баъзе маворид бархе аз кишварҳо нисбати мо комилан содиқ нестанд”, – гуфтааст ӯ.

“Ҳамрӯза 500-600 нафар мехоҳанд аз сарҳад гузаранд”. Изҳороти Ятимов оиди вазъияти  марз бо Афғонистон

Раиси КДАМ – и Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни вохӯрии онлайн бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар бораи вазъият дар сарҳад бо Афғонистон маълумот дод.

“Мо бояд воқеан эътироф кунем, ки вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон хеле печида аст. Пас аз Покистон Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонитар дорад – 1425 километр”, – гуфт Ятимов.

Раиси КДАМ Тоҷикистон изҳор намуд, ки “мо талошҳои зиёди афродеро эҳсос мекунем, ки мехоҳанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон раванд”.

«Шумораи гурезаҳо аллакай аз 15 ҳазор гузашта, ҳамарӯза 500-600 нафар мехоҳанд аз сарҳад гузаранд. Тақвияти талошҳои қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ эҳсос мешавад”, – афзуд Ятимов.

Раиси КДАМ зикр кард, ки “аз ин рӯ, Тоҷикистон воқеан бояд чунин мавқеъро ишғол кунад: 24 соат омодагӣ ва шабу рӯз кор кардан”.

Ба гуфтаи ӯ, вазъияти кунунӣ дар Афғонистон натанҳо ба амнияти Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки тамоми паҳнои пасошӯравӣ, бахусус минтақаҳои мусалмонишин хатари воқеӣ дорад.

“Бо истифода аз дини ислом ҳамчун асос, барои ноором кардани вазъ дар минтақаи мо талошҳои мушаххас эҳсос мешавад”, – таъкид дошт Ятимов.

Раиси КДАМ зикр кард, ки дар вохӯрии роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти иктишофии ИДМ  ин ҷузъиёт муфассал баррасӣ шуда, тадбирҳои мушаххас ба нақша гирифта шуданд.

“Мо зикр кардем, ки ҳамкорӣ байни хадамоти махсуси Тоҷикистону Русия, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Лекин вазъи кунунӣ ҳамоҳангсозии ҳамаи неруҳо, таъмини эътимоднокии бештари ҳифзи сарҳади давлатӣ ва тақвияти кори фавриро дар тамоми самтҳо баҳри таъмини эътимоднокии ҳифзи сарҳад тақозо мекунад”, – иброз доштааст Саймумин Ятимов.

Ӯ итминон додааст, ки “дар ҳамдастӣ метавонем ҳамаи масъалаҳо рӯзмарраро ҳаллу фасл ва баъзе таҳдидҳоро бартараф кунем”.

“Мо бошуурона изҳор медорем, ки худи мафҳуми терроризм байналмилалӣ буда, барои муқовимат маҳз бо ин таҳдидҳо ҳозир ба мо шароити муштараки байналмилалӣ ва муассир фароҳам овардан лозим аст”, – илова намудааст раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend