fbpx

Дар Суғд волидони ҷавон ба фурӯши тифли навзод гумонбар шуданд

Мухтасари хабарҳои рӯз


0

Фаъолияти “Радиои Озодӣ” – и Қирғизистонро бо сабаби “тарафи Тоҷикистонро гирифтан” барои ду моҳ масдуд карданд

Бинобар пӯшиш додани ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷониби Вазорати фарҳангу иттилооти ин кишвар барои ду моҳ масдуд карда шудааст.

Ба иттилои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон иддао кардааст, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар танишҳои марзии ахир “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”, вале Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қонеона рад кардааст.

Ин даъвои Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон аз навори рӯзи 16-уми сентябр пахш кардаи телевизиони “Настояшее Время” аст, ки раҳбарияти Радиои Озодӣ гузоришро “ба ҳама меъёр посухгӯ” медонад.

“Пас аз баррасии муҳтавои мавриди баҳс, ҳеч гуна нақзи меъёрҳоро мушоҳида накардем. Мо таслими фишор барои ҳазфи гузоришҳои баробарвазн аз сайтҳои худ нахоҳем шуд, чӣ аз сӯи Кремл бошад ва чӣ аз сӯи ҳукумати Қирғизистон”, – гуфтааст Ҷейми Флай.

Ба гуфтаи Ҷейми Флай, “таҳдиди хабарнигорон ва талош барои хомӯш кардани расонаҳои мустақил шеваҳои мустабидонае аст, ки танҳо ба суст шудани демократия дар Қирғизистон кумак мекунад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башар, баъди ба қудрат расидани Содир Ҷабборов, дар моҳи октябри соли 2020, фазои озодии баён дар Қирғизистон бадтар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон идома медиҳанд, ки чандин маротиба боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.

Дар Суғд волидони ҷавон ба фурӯши тифли навзод гумонбар шуданд

Як оилаи ҷавон бо гумони фурӯши писари навзоди худашон, ки он замон ҳамагӣ 3-рӯза буд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ҳодиса дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба амал омадааст.

Тавре ки аз гузориши навори видеоии барномаи “Пайки Суғд” бармеояд, ҳамсарон сокинони 27-солаи ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен мебошанд. Ин барнома бар асоси маводи парвандаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таҳия мешавад.

Ин оила соҳиби як фарзанд буда, пас аз таваллуди тифли дуюм мехостанд, ки ӯро ба ивази 6 ҳазор сомонӣ ба сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов фурӯшанд.

Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ онҳо ҳангоми гирифтани пул боздошт шудаанд.

Зимни бозпурсӣ зан мегӯяд, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, нигарон буд, ки бо ду кӯдаки хурдсол дар хонаи волидонаш чӣ гуна зиндагӣ мекунад.

“Дар аввал ин зан мехост, ки исқоти ҳамл кунад, аммо пас аз муоинаи табиб маълум шуд, ки давраи ҳомиладориаш тӯлонӣ аст, аз ин рӯ, тасмим гирифт, ки фарзандашро ба як оилаи рӯзгорашон таъмину обод диҳад”, – зикр мегардад дар гузориши телевизионӣ.

Бино ба маълумоти ВКД, айни замон нисбати ҳарду волидон мутобиқи моддаи 167 КҶ ҶТ (Хариду фурӯши кӯдак) парвнадаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Дар бораи рӯзи дақиқи боздошти онҳо хабар дода намешавад.

Дар гузориши видеоӣ гуфта мешавад, имсол ин аллакай ҳодисаи дуюми пешгирии ҳолати фурӯши кӯдак аз ҷониби милитсия аст.

“Фишори судшаванда баланд шуд”. Мурофиаи хушдомани муттаҳам ба худкушии келин ба таъхир афтод

Мурофиаи додгоҳии Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт гардид, бо сабаби бад шудани саломатии судшаванда ба таъхир афтод. Имрӯз додгоҳ мебоист сухани охирини Назироваро шунида, қарори ниҳоии худро мебаровард.

Дар ин бора Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба “Азия-Плюс” хабар додааст.

Аз ин пештар айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Назирова 8 соли зиндон талаб карда буд.

Қаблан, Назирова дар мурофиаи додгоҳӣ, дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкор эътироф кард.

Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳии дуввум, ки рӯзи 11-уми октябр баргузор гардид, вакили дифои Назирова аз суд дархост карда буд, ки кирдори зерҳимояашро бо қисми 1-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст карда, нисбати ӯ қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро татбиқ ва ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шавад.

“Айбдоркунандаи давлатӣ нисбати дархости ҳимоятгар эътироз баён намуда, аз суд рад кардани онро талаб кард. Ҳамчунин, мавқеи айбдоркунандаи давлатиро ҷабрдида ва намояндаи ӯ дастгирӣ намуданд”, – гуфта буд, Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқҳои наздикони Манора ҳимоят мекунад.

Ёдовар мешавем, ки наздикони Манора чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари ӯ шуда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.

Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонӣ ва суди Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend