fbpx

Дар Суғд нисбати хукпарвар парвандаи ҷиноятӣ кушоданд

Партовҳои фермаи хукпарварии ӯ ба Сирдарё партофта мешудаанд.


0
Хукпарварӣ дар вилояти Суғд
Акс аз "Азия-Плюс"

Нисбати як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ифлоскунии экология ва оби Сирдарё ду парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар медиҳад.

Кормандони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва кормандони прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи гузашта зимни як рейд далелҳои ифлоскунии сарчашмаҳои табиӣ – замину обро аз партовҳои фермаи хукпарварӣ воқеъ дар деҳаи Боғи болои ҷамоати деҳоти Ёва ошкор намудаанд.

Қитъаи ифлосшуда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Акс аз ecosugd.tj. Қитъае, ки партовҳои фермаи хукпарварӣ дар н. Б.Ғафуров ифлос кардааст.

Ин ферма ба соҳибкор Я.Темиров тааллуқ доштааст. Нисбати ӯ аз ҷониби прокуратураи ноҳия мутобиқи моддаҳои 226 (Ифлос кардани об) ва 228 (Хароб кардани замин)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар моддаи якум корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 140 то 340 соат ё ҷарима ба андозаи то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи дуюм ҷарима ба андозаи аз 500 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 2 сол  ҷазо муқаррар шудааст.

Мувофиқи қонун “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, соҳибкор ба нафъи давлат 11 ҳазору 263,94 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend