Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:1729.05.2023
Нисбати як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ифлоскунии экология ва оби Сирдарё ду парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар медиҳад.
Кормандони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва кормандони прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи гузашта зимни як рейд далелҳои ифлоскунии сарчашмаҳои табиӣ – замину обро аз партовҳои фермаи хукпарварӣ воқеъ дар деҳаи Боғи болои ҷамоати деҳоти Ёва ошкор намудаанд.
Ин ферма ба соҳибкор Я.Темиров тааллуқ доштааст. Нисбати ӯ аз ҷониби прокуратураи ноҳия мутобиқи моддаҳои 226 (Ифлос кардани об) ва 228 (Хароб кардани замин)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар моддаи якум корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 140 то 340 соат ё ҷарима ба андозаи то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи дуюм ҷарима ба андозаи аз 500 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо муқаррар шудааст.
Мувофиқи қонун “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, соҳибкор ба нафъи давлат 11 ҳазору 263,94 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
9 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
9 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад