logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Суғд мардеро барои никоҳ бо ноболиғ ва марди дигарро барои сирояти ВНМО боздошт кардаанд

Дар сурати тасдиқи гуноҳ ҳарду мардро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Your tj

17:1413.06.2023

Дар Суғд мардеро барои никоҳ бо ноболиғ ва марди дигарро барои сирояти ВНМО боздошт кардаанд

Барои бастани ақди никоҳ бо духтари ноболиғи 17-сола марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом боздошт шудааст. Ҳамчунин барои сироят кардани зан бо ВНМО  як марди 39-соларо дастгир кардаанд.

Дар ин бора маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Б.К., сокини Конибодом як сокини 17-солаи ноҳияи Рӯдакиро дидаю дониста, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, дар хонааш никоҳ кардааст.

Айни замон нисбати Б.К барои бастани ақди  никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст (моддаи 169), парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) то 5 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, як марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гирифтор буд, барои сироят кардани як зани 29-солаи шаҳри Истаравшан боздошт шудааст.

Ин мард дидаву дониста бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бо як зани 29-сола алоқаи ҷинсӣ намуда, занро зери хавфи сироят ба ВНМО гузоштааст. Ин ҳодиса 9 июн рух додааст.

Айни замон нисбати сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам (моддаи 125) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин моддаи қонунгузорӣ маҳрум кардан аз  озодиро ба муҳлати аз  2 то 5 сол пешбинӣ намудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

23 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

23 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ