fbpx
1
1 point

Дар соли 2026 сокинони Тоҷикистонро якчанд дигаргуниҳо интизор аст, ки қисме агар хушҳолкунанда аст, қисми дигар метавонад хушоянд набошад.

Тоҷикистониёнро дар соли нав аз болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар баробари он, ҳаҷми ҷаримаву андоз ва хизматрасониву пардохтҳо то баландшавии ҳаҷми маошу стипендияҳо интизор аст.

Болоравии ҳаҷми ҷаримаву андоз ва дигар пардохтҳо

Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2026 аз 75 сомонӣ ба 78 сомонӣ боло меравад. Ин муқаррарот дар қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2026 дарҷ гардидааст, ки онро ҳукумати кишвар тасдиқ кардааст.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар буҷа бо назардошти сатҳи таварруме, ки барои соли мувофиқ пешбинӣ шудааст, муқаррар карда мешавад.

Дар Тоҷикистон андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, ҷарима ва дигар пардохтҳо мувофиқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда мешавад.

Бо ин тартиб шуруъ аз 1-уми январи соли 2026 дар Тоҷикистон ҳаҷми андозу ҷарима, боҷҳо, маблағи хизмати алтернативӣ, сиёҳ кардани оинаи мошинҳо ва дигар пардохтҳо зиёд мешавад.

Гароншавии эҳтимолии нархи барқу гармӣ дар соли 2026

Дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо боло бурда мешавад. Қарори тасдиқи нархномаи нави барқ ва гармӣ рӯзи 29-уми декабр дар ҷаласаи ҳукумат қабул гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар дод, аммо рақамҳои мушаххасро эълон накард. Гуфта мешавад, пардохт тибқи нархномаи нав аз 1-уми феврали соли 2026 оғоз меёбад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои ду манбаи худ аз ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки арзиши ҳар киловат-соати барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо тақрибан 17 дарсад афзоиш меёбад. Нархи барқ барои аҳолӣ аз 35,36 дирам то 41,37 дирам боло меравад. Барои корхонаҳо ва идораҳо низ болоравии мутаносиб пешбинӣ шудааст.

Ин маротибаи дуввуми болоравии нархи барқ дар як соли охир аст. Қаблан, моҳи апрели соли 2025, арзиши ҳар киловат-соат барои аҳолӣ аз 30,75 дирам то 35,36 дирам зиёд шуда буд.

Арзиши гармӣ барои аҳолӣ аз 1,18 дирам то 1,38 дирам боро бурда мешавад.

Мақомот ҳадафи ин иқдомро рушди соҳаи энергетика ва расидан ба худкифоии молиявии ширкатҳои давлатӣ дар соҳаи барқ арзёбӣ мекунанд.

Маошу стипендия ва нафақа бештар мешавад

Навгониҳои каме хушҳолкунанда низ дар соли 2026 ҳастанд, аммо дар нимаи дуюми сол амалӣ мешаванд. Тавре президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш рӯзи 16 декабр қайд намуд, аз 1 сентябри соли 2026 ҳаҷми маошу стипендияҳо боло бурда мешаванд.

Барои кормандони соҳаи маориф ва бахши буҷетӣ:

  • Музди вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд карда мешавад;
  • Музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ 20 фоиз боло меравад;
  • Стипендияҳо 20 фоиз афзоиш меёбанд.

Барои сохторҳои қудратӣ:

Музди хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар сохторҳои марбута 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳамаи соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоии кишвар дар ҳаҷми 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Бо супориши президенти кишвар, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловаҳои онҳо мутобиқ ба сатҳи таварруми соли 2025, вале на камтар аз 15 фоиз индексатсия карда мешаванд.

Соли 2026 дар Тоҷикистон нахустин нерӯгоҳҳои офтобӣ ба истифода дода мешаванд

Навгонии дигари соли 2026 ба таъмини беҳтари барқ рабт дорад. Бояд то моҳи августи соли оянда сохтмони ду нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон ба анҷом расад.

Ин ду лоиҳаи энергетикӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун амалӣ мешаванд. Лоиҳаҳо бо дастгирии Ҳукумат ва иштироки ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба маблағи умумии 250 миллион доллари амрикоӣ иҷро мешаванд.

Гуфта мешавад, пас аз ба кор даромадани ин неругоҳҳо сатҳу сифати барқтаъминкунӣ дар минтақаҳо бештар беҳтар мегардад ва имкони коҳиши мавсимии камбуди барқ низ афзоиш меёбад.

Неругоҳи Ашт бо арзиши 125 млн доллар, дар масоҳати 750 гектар бунёд шуда, метавонад 115 ҳазор хоҷагиро бо барқ таъмин намояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend