fbpx

Дар соли 2024 дар ҷаҳон 54 рӯзноманигор кушта шудааст

Тибқи иттилои Гузоришгарони бидуни марз, сеяк аз 54 рӯзноманигори кушташуда дар соли 2024 дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза ҳалок шудаанд.


0
Корманди ВАО дар ҳолатҳои ҷанг
Акс аз интернет.

Дар ҷаҳон 54 рӯзноманигор ҳангоми фаъолияти касбӣ давоми соли 2024 кушта шудаанд, хабар дод Созмони байналмиллалии “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) дар гузориши солонаи худ рӯзи 12 декабр.

Ба иттилои ин созмон, хавфу хатар, махсусан барои рӯзноманигороне, ки дар минтақаҳои ҷангӣ фаъолият мекунанд, зиёд будааст. Гуфта мешавад, имсол шумораи хабарнигороне, ки дар майдонҳои ҷанг кушта шудаанд ба болотарин ҳад дар 5 соли охир расидааст.

Тибқи иттилои созмони мазкур, сеяк аз 54 рӯзноманигори кушташуда дар соли 2024 дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза ҳалок шудаанд. Дар умум мувофиқи ин гузориш аз оғози ҷанги Исроил ва Ҳамос, шурӯъ аз 7-уми октябри соли 2023 то ба имрӯз 145 рӯзноманигор, аз ҷумла 35 нафар ҳангоми фаъолияти корӣ дар Ғазза кушта шудаанд.

“Рӯзноманигорон намемиранд, кушта мешаванд; онҳо дар зиндон нестанд, режимҳо онҳоро ҳабс мекунанд; рӯзноманигорон нопадид намегарданд, рабуда мешаванд. Ин ҷиноятҳо, ки аксар вақт аз ҷониби ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳ бо беҷазоии комил ташкил карда мешаванд, қонунҳои байналмилалиро вайрон мекунанд ва аксар вақт беҷазо мемонанд.

Мо бояд барои тағйири авзоъ иқдом кунем, ба худ ҳамчун шаҳрванд хотиррасон кунем, ки рӯзноманигорон барои мо ҷон медиҳанд, то моро огоҳ нигоҳ доранд. Мо бояд минбаъд низ ҳисоб кунем, номбар кунем, маҳкум кунем, тафтиш кунем ва итминон ҳосил кунем, ки адолат иҷро мешавад”, – гуфтааст Тибо Бруттин, директори Созмони байналмиллалии Гузоришгарони бидуни марз.

Тибқи иттилои созмон айни ҳол дар саросари ҷаҳон 550 журналист дар зиндонҳо нигоҳ дошта мешаванд, ки назар ба соли гузашта 7 дарсад бештар аст. Ба сегонаи кишварҳое, ки рӯзноманигорони бештарро дар зиндон нигоҳ медоранд, Чин (124 журналист), Мянма (61 журналист), Исроил (41 журналист) шомил мешаванд. Ҳамзамон қариб 100 рӯзноманигори дигар бедарак ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дастикам ҳашт рӯзноманигор – Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Хушрӯз Ҷумаев ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуда, ҳоло адои ҷазо мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend