Дар соли 2021 аз Хатлон 2067 омӯзгор ба муҳоҷират рафтаанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи Радио Азаттык

11 ҳолати нав: омори охирини коронавирус дар Тоҷикистон

Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 11 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Аз теъдоди шифоёфтагон дар мин муддат маълумот дода нашуда, гуфта мешавад, дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то имрӯз дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 306 нафарро ташкил дода, шумори умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 96 нафарро (98,8%) ташкил медиҳад.

То ин дам, теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад. Дар муддате, ки Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 январ дар кишвар ҳодисаҳои нави сироятёбиро эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба COVID-19 дар чанд рӯз  аллакай 213 нафарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар асоси тадқиқоти илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронии аҳолӣ мебошад.

Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Дар соли 2021 аз Хатлон 2067 омӯзгор ба муҳоҷират рафтаанд

Дар як соли гузашта аз вилояти Хатлон беш аз ду ҳавзор омӯзгор тарки пеша карда, ба муҳоҷират рӯ оварданд. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Олими Ашӯралӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар додаст.

“Соли таҳсили 2021 аз мактабҳои вилояти Хатлон 2067 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд”, – изҳор дошт Ашӯралӣ.

Ба таъкиди ӯ, омӯзгорони муҳоҷиршуда аз ноҳияҳои Ёвон, Ҷомӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён, Балхӣ, Қубодиён, Хуросон, Бохтар ва Восеъ мебошанд. Ӯ дақиқан нагуфт, ки аз ҳар ноҳия чанд омӯзгор тарки пеша карданд. Танҳо шумори умумии муаллимони муҳоҷиршударо эълон кард.

Ашӯралӣ далели ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани омӯзгоронро ба мушкили оилавӣ ва дигар сабабҳо рабт дод.

Дар ҳамин ҳол, масъули соҳаи маориф дар вилояти Хатлон мегӯяд, бо вуҷуди ба кор ҷалб кардани се ҳазор омӯзгор, ҳамоно дар макотиби вилоят наздики 300 муаллим намерасад.

“Барқи Тоҷик” ба Афғонистон ба маблағи 56 миллион доллар барқ фурӯхтааст

Намояндагони ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтанд, Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон ба маблағи 56 миллион доллар (1 миллиарду 275 миллион киловат соат) нерӯи барқ фурӯхтааст.

Муҳаммадумар Асозода, раиси “Барқи Тоҷик”, рӯзи 31-уми январ дар Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон 33 миллион долларро ташкил медиҳад.

Раиси тозаъйини “Барқи Тоҷик” дар идома афзуд, бо вуҷуди вазъияти пешомада дар Афғонистон, “Брешно” марҳила ба марҳила пардохти қарзҳои худро оғоз кардааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, “Брешно” дар моҳи январ 2 миллион доллар қарзи “Барқи Тоҷик”-ро баргардонд ва қарор аст ва ояндаи наздик ҳамин миқдор пулро баргардонад.

Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об, мегӯяд, интиқоли барқ ба Афғонистон “хусусияти иҷтимоӣ” дорад.

Медали биринҷии Комроншоҳ дар Гран-прии Португалия

Паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 – “Grand Prix Portugal 2022” сазовори медали биринҷӣ шуд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португал доир гашт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол 301 варзишгар (179 мард, 122 зан) аз 41 давлат ширкат карданд.

Пас аз пирӯзиҳо дар қувваозмоӣ бо Достон Майлиев (Ӯзбекистон) ва Артем Бубуир (Украина) Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ сабқатро ба ҷудокори маъруфи итолиёӣ Кристиан Парлатӣ бохт.

Барои ба даст овардани биринҷӣ Комроншоҳи Устопириён Имеда Гоголадзеи гурҷистониро шикаст дод.

Зикр мегардад, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд: ҷои аввал – 3 ҳазор евро, ҷои дуюм – 2 ҳазор евро, ду ҷои сеюм – 1 ҳазор евроӣ.