Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:4701.06.2022
Субҳи рӯзи 31-уми май дар соҳили дарёи Душанбе ҷасади як марди 45 - 50 ёфт шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ хабари пайдо кардани ҷасади як мардро дар наздикии боғи ба номи Умари Хайём ба КФҲ навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, расонидааст.
“Бо дарёфти хабар Дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса равон шуд. Онҳо ҷасадро бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот аз поён ба боло бароварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, - омадааст дар хабари кумита.
Гуфта мешавад, ки ақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
9 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
9 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад