Дар шимоли Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ 4 узви як хонавода ҳалок шуданд

Русия миқдори квотаҳоро ба донишҷӯёни тоҷик зиёд кард

Русия миқдори квотаҳоро, ки ҳуқуқи таҳсили ройгон ба донишҷӯёни Тоҷикистонро дар бисёре аз донишгоҳҳои ин кишвар медиҳанд, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст.

Шумораи ҷойҳо барои таҳсили тоҷикистониён дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷаи федералӣ 120 адад афзоиш ёфт, гуфт сардори намояндагии “Россотрудничество” дар кишвар Иван Иванов.

Ҳамин тариқ довталабони Тоҷикистон тайи солҳои 2022-2023 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия 750 квота доранд ва ҷумҳурӣ аз рӯи миқдори бурсияҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Русия маъмулан дар панҷгонаи аввал байни кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.

Имтиҳони дохилшавӣ дар доираи квота, аз ҷумла дар Душанбе суҳбати аввалин бо довталабон барои дохилшавӣ оғоз ёфт. Ин марҳила дар ҳоли ҳозир барои довталабоне, ки ба магистратура, ординатура, аспирантура ва бакалавр аз рӯи ихтисосҳои марбути фарҳанг дохил шуданиянд, оғоз гардид.

Вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баҳс кардаанд

Раисони шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рӯзи 23-юми январ дар атрофи деҳаи Оқсой дидор кардаанд.

Мулоқоти онҳо баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 20-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯйи як мошини боркаши сокини Тоҷикистон санг партофтанд. Дар ин ҳодиса, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, мошини Насруллобек Асламов ва худи ӯ осеб дидаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, ҳодисаро таҳқиқ доранд, вале осеб дидани ронанда дуруст нест.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи раиси Исфара, рӯзи 24-уми январ гуфт, дар мулоқот “асосан мавзӯи сангборон шудани мошини “Камаз” ва сохтмони биноҳои ғайриқонунӣ дар деҳаҳои марзӣ” баррасӣ шуд.

Расонаи қирғизии “Turmush” мегӯяд, дар мулоқот “пешгирӣ аз амалҳои иғвоангезона, барқарории дӯстии миёни ду халқ ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии деҳаҳои наздимарзӣ” низ муҳокима шуд.

Қурби рубл дар Тоҷикистон босуръат поён меравад

Тайи ду ҳафтаи ахир қурби рубли Русия дар Тоҷикистон нисбати асъори миллӣ – сомонӣ ба андозаи 5,4% поин рафт.

Тибқи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 25 январ 1 ҳазор рубли Русия бо 143,6 сомонӣ иваз мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 13 январ ба ин миқдор рубл 151,8 сомонӣ маблағ гирифтан имкон дошт.

Тез-тез тағйирёбии қурби рубл дар ҷумҳурӣ аз охири соли гузашта мушоҳида шуда, аз 27 декабр то 7 январ 4,4% поин рафт. Баъдан то 13 январ тадриҷан барқарор шудани қурби пули Русия мушоҳида шуд.

Ноустувории рублро маъмулан ба тағирёбии нархи ҷаҳонии нафту газ (маводи сӯхт) рабт медиҳанд, ки воқеан ҳам ба он вобаста аст.

Ҳамсояҳои Тоҷикистон бе барқ монданд

Рӯзи 25-уми январ дар Қирғизистон ва баъзе аз минтақаҳои Қазоқистону Узбекистон нерӯи барқ қатъ шудааст.

Котиби матбуотии Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон Жийде Зоотбекова мушкилро ба ҳалқаи ягонаи энергетикӣ вобаста донист.

Гузоришҳо дар бораи набудани барқ дар Бишкек ва гӯшаҳои дигари Қирғизистон нимарӯзи 25-январ пахш шуд. Баъдан маълум шуд, ки интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишвар қатъ шудааст.

Ба гузориши расонаҳо, дар манотиқи ҷануби Қазоқистон ва шарқи Узбекистон низ нерӯи барқ қатъ шудааст.

Бар асари бархӯрди “Жигули” бо “BMW” дар Суғд 4 узви як хонавода ҳалок шуданд

Дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Мастчоҳ, дар мавзеи шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарибиҳои шоми рӯзи душанбе бар асари садамаи нақлиёт чор нафар узви як оила ҳалок шуданд.дар садамаи нақлиётӣ автомашинаи тамғаи “ВАЗ-Жигули” бо автомашинаи тамғаи “BMW” бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи садамаи нақлиёт ронанда ва се мусофири “Жигули” дар ҷойи ҳодмиса ба ҳалокат расиданд, ки ҳамаашон узви як хонаводаанд”, – хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.

Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қарори ҳукуматро “Дар бораи ба дигар рӯзҳои кории соли 2022 гузаронидани рӯзҳои истироҳат” шарҳ доданд. Мувофиқи ин қарор, соли 2022 рӯзи 5 март (шанбе) корӣ эълон шуда, рӯзи истироҳат ба душанбе, 7 март гузаронида мешавад. Ба ин тариқ, рӯзи 19 март (шанбе) корӣ шуда, истироҳат дар ин рӯз ба 25 март (ҷумъа) гузаронида мешавад.

– Ин имкон медиҳад, ки пай дар пай омадани рӯзҳои корӣ ва истироҳати ҳафта вобаста ба рӯзҳои ид – 8 март ва 21-24 март, ки тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” муқаррар шудаанд, таъмин карда шавад”, – шарҳ медиҳад Вазорати меҳнат.

Ин ниҳод ҳамчунин зикр мекунад, ки тағйирёбии рӯзҳои корӣ ва истироҳат ба кормандоне дахл хоҳад дошт, ки ҳафтаи кории онҳо 5 рӯзро ташкил медиҳад.

Skip to toolbar