Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 89 ҳазору 493 зан ба муҳоҷират рафтаанд. Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, бештари занҳо ба хотири якҷо будан бо шавҳаронашон мераванд, ки солҳост дар Русия қарор доранд.
“Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ки 57 ҳазору 451 зан ба муҳоҷират рафта буд, ин рақам хело афзоиш ёфтааст”, – гуфт ӯ.
Қурбонзода зикр намуд, ки ҳолатҳое ҳаст, занон баъди интизориҳои тӯлонии шавҳаронашон, ки дар Русия кор мекунанд, ба мушкилот дучор мешаванд.
“Агар мардони ба муҳоҷират рафта, ҳадди имкон дар шаш моҳ як маротиба ба хотири зану фарзандва падару модар биёянд, фикр мекунанд, ки раванди муҳоҷиршавии занҳо коҳиш меёбад”, – гуфт раиси кумита.
Омили дигари рӯ овардани занони тоҷик ба муҳоҷират ҷустуҷӯи кор аз ҷониби модарони танҳо будааст.
Қурбонзода таъкид намуд, ки дар ҷумҳурӣ ҷойҳои корӣ ҳаст, вале маоши қаноатбахш надорад, ки ин омил онҳоро водор месозад ба муҳоҷират рӯ биёранд.
Ба таъкиди ӯ кумита дархости занони корҷӯй ва ҳунармандро омӯхта ба онҳо кӯмак мекунад.
Кумита дар ин давра ба 6 нафар барои ба роҳ мондани фаъолияти дӯзандагӣ мошинаҳои дузандагие, ки аз шарикони рушд ба даст овардааст, кӯмак кардааст.