logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар шаш моҳ 25 падар барои напардохтани алимент зиндонӣ шудааст

Инчунин 410 нафари дигар барои саркашӣ аз пардохти маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи зист, дар кофтуков қарор доштаанд.

Your tj

16:2906.08.2025

Дар шаш моҳ 25 падар барои напардохтани алимент зиндонӣ шудааст

Дар Тоҷикистон нисбати 156 нафар падароне, ки барқасдона аз пардохт намудани маблағи алимент саркашӣ кардаанд, парвандии ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар ин бора Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дар нишасти хабарии 5-уми август иттилоъ дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз ин шумора 25 кас зиндонӣ шуда, 107 тан ба корҳои ислоҳӣ ҷалб ва 25 нафари дигарро ҷарима кардаанд.

Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷро зикр кард, ки ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ё "рӯйхати сиёҳ" дар 6 моҳ 1 ҳазору 308 шахси воқеӣ ва 10 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шуданд.

Дар умум дар ин феҳрист 2 ҳазору 910 нафар қарор дорад.

Онҳое, ки дар ин феҳрист ҳастанд, наметавонанд кишварро тарк кунанд.

Инчунин 410 нафари дигар барои саркашӣ аз пардохти маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи зист, дар кофтуков қарор доштаанд.

Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон дар умум беш аз 57 миллион сомонӣ маблағи алимент пардохт шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент ҷарима ё то се сол зиндон муайян кардааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

19 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

19 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

8 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ