fbpx

Дар Шаҳритус 9 нафар аз ғизо заҳролуд шуда, 4 нафарашон фавтиданд

5 нафари дигар дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи ноҳиявӣ қарор доранд.


0
Ҳалокати 4 нафар аз заҳролудшавӣ аз ғизо дар Тоҷикистон
Акси марбута аз сомонаҳои интернетӣ

Шоми 2-юми май дар деҳаи Холматови ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари заҳролудшавӣ аз ғизо чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Тавре дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ медиҳад, 9 узви ду хонавода бар асари таом заҳролуд шуданд.

“Чор нафар ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи ноҳиявӣ қарор доранд. Ҳодиса таҳқиқ мешавад”,- хабар медиҳад КҲФ.

Тафсилоти дигар дар хабари КҲФ оварда нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи апрел дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ду кӯдаки 9 ва 12-сола бар асари хӯрдани консерваҳои сабзавот ҷон бохтанд. Ҳарду кӯдак аъзои як оила буданд. Модари 52-солаи онҳо ва кӯдаки сеюми 13-солаи ин хонавода дар ҳолати вазнин бистарӣ шудаанд. Баъдан модари хонавода низ дар беморхона даргузашт.

Ин хонавода аз консерваҳои помидор заҳролуд шудааст, аммо гуфта нашудааст, ки он дар шароити хона омода шудааст ё аз мағоза харидорӣ шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend