Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:2518.12.2024
Чор кӯдак аз як оила дар ноҳияи Шаҳристон аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Ду кӯдаки дигар дар ҳоли вазнин қарор доранд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ҳодиса шаби 17-уми декабр дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон рух дод.
Ба иттилои КҲФ, кӯдакон аз дуди ангишт заҳролуд шуданд ва аз ҳуш рафтаанд.
“Фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Муаассифона бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд”,- менависад ин ниҳод.
Кӯдакони фавтида яке 6-сола ва дуюмӣ 13-сола буданд.
Дар айни замон як писари 14-сола ва духтари 10-солаи ин хонадон дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарианд, хабар медиҳад КҲФ.
Бо омадани фасли сармо ва ҷорӣ шудани «лимит»-и барқ дар Тоҷикистон аҳолии ноҳия ва деҳаҳо аз сӯзишворӣ ва усулҳои гуногуни гармкунии хонаҳо истифода мебаранд.
Баъзан ин ба фоҷиа, аз ҷумла сӯхтор ва заҳролудшавӣ оварда мерасонад. Соли гузашта низ чандин ҳолати фоҷиабори сӯхтор ва заҳролудшавӣ рух дода буд, ки бар асари он даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷони худро аз даст доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар фасли сармо эҳтиёт кунанд.
143 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
7 часов назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
7 часов назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
1 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
3 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
7 дня назад