fbpx

Дар сӯхтори бозори “Фаровон” – и Бохтар 12 соҳибкор ҷароҳат бардоштанд, ки ҳолати якеашон вазнин аст

Мақомот то ҳол сабаби сар задани сӯхторро расман шарҳ надоданд.


0

Шаби 1 – уми июн тақрибан соатҳои 23 – и шаб дар бозори Фаровони шаҳри Бохтар сӯхтори шадид сарзад, ки дар натиҷаи он 12 нафар ҷароҳат бардоштанд. Шоҳидон гуфтанд алангаи оташ то ҳаде будааст, ки хомӯш кардани он соатҳо давом кардааст. Молу маҳсулоти бархе соҳибкорон пурра ва аз бархеи дигар қисман ба коми оташ рафтаанд.

Муаллифи Your.tj Амонҷон Муҳиддинов ба бозори Фаровон рафт ва аз он ҷо гузориш омода намуд. Субҳи имрӯз мақомот ягон касро ба бозор дохил шудан намегузоштанд. Аз ин рӯ муаллифи мо нисфирӯзӣ ба бозор рафт, то бо шоҳидону соҳибкорон ҳамсуҳбат шавад. Сухтор дар бахшҳои фурӯши техникаи маишӣ, қолинфурӯшӣ, матоъфурӯшӣ ва фурӯши телефонҳои мобили ба амал омадааст.

Ҳақназар Абдусамадов ба фурӯши техникаи маишӣ (мошинаҳи ҷомашӯию тафдон ва телевизиор) машғул будааст. Мегӯяд, ки соат 23 –и шаб буд, ки ҳамкоронаш занг заданд ва гуфтанд, ки бозор оташ гирифтааст.  Ба нақли ӯ як қисми савдогарон барои наҷоти молҳояшон аз коми оташ талош карданд, аммо ӯ натавонистааст ва дар натиҷаи сӯхтор тамоми молу маҳсулоташ сӯхтааст.

«Тақрибан 600 ҳазор сомонӣ зарар дидем. Бо вуҷуди ин ба чанд нафари дигар низ қарз дода будем, ки номҳои онҳо дар китоб сабт шуда буданд. Вале китоб ҳам сӯхтааст. Тақрибан 80 ҳазор сомонӣ аз бонк қарз гирифта бори нав оварда будем»,- мегӯяд фурӯшанда Ҳақназар Абдусамад.

Чанд тан савдогароне, ки барои наҷоти молҳояшон ба алангаи оташ нигоҳ накарда ба бозор дохил шуда буданд, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Тибқи маълумотҳо 12 нафарро ба беморхона интиқол додаанд. Сардухтури беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидов, маъруф ба Қарияи Болои, Хушнуд Баҳодуров, дар суҳбат бо Your.tj  гуфт, ки аз 12 нафар танҳо 1 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Барои 11 нафари дигар танҳо кумаки авалияи тиббӣ расонида шуда, аз беморхона ҷавоб дода шуданд. Аммо вазъи саломатии он як нафар вазнин арзёбӣ мешавад.

Радиои Озодӣ аз қавли як табиби ҳамин беморхона менависад, ки  Маҳмадӣ Сангови 50-сола дар бозор дӯкон дошта, мехостааст, ба дигарон ёрӣ расонад, вале бар асари таркиши балони газ 95 дар сади танаш сӯхта ва роҳҳои нафасаш осеб дидааст.

Як соҳибкори бозори Фаровон, ки ба фурӯши қолинҳо машғул будааст, бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки сӯхтор аз  таркиши балонҳои гази моеъ сар задааст, ки ошхонаҳои бозор аз онҳо истифода мекардаанд, ӯ гуфт, ки мағозааш пурра сӯхта хокистар шудааст.

“Ман каме дертар аз ҳодиса хабардор шудам. Шахсони ҳангоми сар задани сӯхтор дар наздикиҳои бозор қарор дошта гуфтанд, ки сӯхтор аз таркиши балони газ ба амал омадааст ва зуд аланга гирифтааст. Ҳоло аз мағозаи ман дигар ному нишоне, нест ба куҷо равам, чӣ кор кунам, намедонам”, –  мегӯяд, ин қолинфурӯш.

Мақомот то ҳанӯз сабаби сар задани оташро шарҳ надодаанд, вале ҳанӯз ҳам назди бозор серодам буда, фурӯшандагону соҳибкороне, ки мағозаҳояшон камтар зарар дидаанд молҳояшонро батартиб дароварда истодаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend