fbpx

Дар Русия зани тоҷикеро, ки барои ҳимояи худ ошпазро кушта буд, ба 6,5 соли зиндон маҳкум карданд

Адвокати Сайёра Дусаева ният дорад, ки аз болои ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.


0
Дар Русия зани тоҷик ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуд
Акс аз livejournal.com

Сайёра Дусаева, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, ки ба куштори шаҳрванди Гурҷистон дар Русия гунаҳкор дониста мешуд, ба ҳукми Суди шаҳри Митишии ин кишвар ба 6,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Рӯзи 4-уми январи соли ҷорӣ Сайёра дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, шаҳри Митишии вилояти Москва аз ҷониби ошпази тарабхона мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад. Ӯ барои ҳимояи худ бо корд ба ҷисми марди ҳамлавар зарба зад. Марди ҳамлавар баъдан ба ҳалокат расид.

Аз наворе, ки саҳнаи муноқиша нишон дода мешавад дидан мумкин аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаева зери латукӯби бераҳмонаи ошпази ин тарабхона қарор мегирад. Мард нисбати Сайёра зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво мебинад ва шаъну шарафи ӯро паст мезанад. Сайёра Дусаева маҷбур мешавад барои ҳимояи худ бо истифода аз корд худро аз марди ҳавлавар ҳимоя кунад.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, парвандаи Сайёра Дусаева моҳи январи имсол пурсарусадо шуд. Ҳамкоронаш гуфтанд, ба сабаби дастдарозии марди ошпаз Сайёра ӯро бо зарби корд куштааст. Ҳамкорони Сайёра ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, “ҷанҷол пас аз шӯхӣ ва дастдарозии мард ба зан оғоз ёфтааст”.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13 июл изҳор доштаанд, ки адвокати Сайёра Дусаева ният дорад, ки аз болои ҳукм ба зинаи болоии таҷдиди назар шикоят барад.

Дар ин робита Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо ирсоли дархост аз Прокуратураи генералии Русия дархост намуда буд, ки қазияи Сайёра Дусаеваро холисона тафтиш намояд.

Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилии Русия низ мактуб ирсол намуда, хоҳиш намуда буд, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани қазияи Сайёра Дусаева ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат кунад.

Абубакр Дусаеви 8-сола бинобар бесарпаноҳ мондан бо мусоидати Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 24-уми январ ба Тоҷикистон оварда шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend