fbpx

Дар Русия сертификати нави ваксинаи COVID-19 ҷорӣ шуд. Тоҷикистониён низ метавонанд онро бигиранд

Шаҳрвандони хориҷӣ танҳо ваксинаи Sputnik Light-ро гирифта метавонанд, аммо он дар минтақаҳо дастрас нест. Русиягиҳоро дигар бо ин намуди ваксина эм намекунанд.


0

Ҳоло дар ҳама қаламрави Русия ба таври қатъӣ аз мардум рамзи QR дар бораи эмгузаронӣ талаб мекунанд.  Шаҳодатномаи нав, ки рӯзи 8-уми ноябр муаррифӣ шуд, барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ дастрас мебошад.

Аммо он баъзе “нозукиҳои” худро дорад. Аввалан, шаҳрванд бояд танҳо дар Русия ваксина гирифта бошад. Шаҳодатномаҳои дар Тоҷикистон гирифта шуда, эътироф намешаванд.

Новобаста аз он ки ваксиназании оммавии зидди COVID-19 дар ин кишвар аз моҳи декабри соли 2020 оғоз шуда бошад ҳам, шакли ягонаи сертификати ваксиназанӣ ё шахсони ин бемориро аз сар гузаронида, танҳо аз 8-уми ноябр эътибор пайдо кард.

Шакли нави сертификатро Вазорати тандурустии Русия рӯзи 22-юми октябр тасдиқ кард.  Қаблан аз рӯи қоидаҳои умумии пешбурди ҳуҷҷатҳои тиббӣ шаҳодатнома дода мешуд ва аксар вақт шаҳрвандон бо мушкилоти техникии вобаста ба гирифтан ва истифодаи он дучор мешуданд.

Сертификати нав ба таври худкор дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ на дертар аз се рӯзи тақвимӣ пас аз анҷоми эмкунӣ таҳия мешавад. Шаҳодатнома дар худ инчунин рамзи QR-кодро низ пешбинӣ мекунад.

Шаҳодатномаи навро на танҳо русиягиҳо, балки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ низ гирифта метавонанд. Шарти асосӣ ин аст, ки  бояд онҳо дар қаламрави Русия ваксина шуда бошанд ё дар яке аз лабораторияҳои ба системаи ЕМИАС (Системаи ягонаи иттилоотию таҳлилии тиббӣ) пайвастбуда аз санҷиши ПСР-тест гузашта, QR-код гирифта бошанд.

Қаблан мо оиди дар кадом лабораторияҳои Тоҷикистон рамзи QR-ро метавон дастрас кард, навишта будем.

Шаҳодатномаи нав дар худ маълумоти муфассал дар бораи шахси ваксинашуда, эмгузаронӣ, реваксинатсияҳо, мавҷудияти нишонаҳои бемории зидди ваксина ва сироят ёфтан ё наёфтани шахсро ба коронавирус доро мебошад.

Шаҳодатномаҳои то фармон дода шуда, то 1 марти соли 2022 ба таври худкор дубора ба расмият дароварда мешаванд.

Қаблан рамзи QR оид ба эмкунӣ барои ворид шудан ё боздид аз ҷойҳои хӯрокхӯрӣ, фарҳангу варзиш, чорабиниҳои оммавӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода мешуд.

Тибқи фармони нав, акнун он дар ҳама ҷо талаб карда мешавад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бояд чӣ кор кунанд?

Айни замон шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди COVID-19, ки дар Тоҷикистон дода шудаааст,  дар Русия эътироф намешаванд.

Тавре ба Your.tj аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, музокирот бо мақомоти Русия дар мавриди эътирофи шаҳодатномаҳои эмгузаронии дар Тоҷикистон додашуда, идома дорад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати корӣ ё таҳсил ба Русия рафтаанд, бояд бо ваксинаи Sputnik Light, ки барои хориҷиён дастрас аст, худро эм кунанд.  Аммо дар ҳоли ҳозир ин ваксина дар минтақаҳо дастрас нест ё ин ки вуҷуд надорад.

Барои шаҳрвандони Русия, Sputnik Light танҳо барои эмгузаронии иловагӣ ё пас аз бемории коронавирус  иҷоза дода мешавад.  Дар ҳолатҳои дигар, русиягиҳо наметавонанд аз ин ваксинаи яккомпонентӣ истифода кунанд.

Шахсони муваққатӣ дар Русия қарор дошта, бояд ҳар 72 соат санҷиши ПСР-ро гузаранд, то соҳиби рамзи QR шаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend