fbpx

Дар Русия нисбати донишҷӯйи тоҷике, ки милитсия дасташро шикаста буд парванда кушодаанд

Рӯзи 15-уми апрел дар бинои хобгоҳи донишҷӯён ӯро латукӯб карда, дасташро шикаста буданд ва ҳоло дар шӯъбаи шикастабандии як беморхонаи Москва бистарӣ аст.


0
Донишҷӯйи тоҷик бо дасти шикаста дар Русия
Акс аз "Радиои Озодӣ"

Дар Русия донишҷӯи тоҷикро ба сарпечӣ аз амри милитсия айбдор кардаанд. Қаблан мақомоти интизомии ин кишвар ҳангоми боздошти ин донишҷӯ дасташро шикаста буданд.

Донишҷӯи курси якуми Донишкадаи меъмории Москва, Эмомҳусейн Болтаев гуфта буд, ки кормандони милитсия рӯзи 15-уми апрел дар бинои хобгоҳи донишҷӯён ӯро латукӯб карда, дасташро шикастанд.

Ӯ ҳоло дар шӯъбаи шикастабандии як беморхонаи Москва бистарӣ аст. Донишҷӯйӣ тоҷик рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфтааст, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муфаттишони Шӯъбаи милитсияи “Тёплый стан”-и Москва ба беморхона омадаанд.

Ба ӯ гуфтаанд, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва набояд бидуни иҷоза беморхонаро тарк кунад.

“Ҳоло ман дар ҳолати бад қарор дорам. На ҷое рафта метавонам ва на маблағе барои гирифтани адвокат дорам”,- мегӯяд ӯ.

Ба иттилои манбаъ баъди баҳси Эмомҳусейни 24-сола бо маъмури бинои хобгоҳи маҳалли зисташ милитсия даъват карда мешавад.

Маъмури хобгоҳ барои баланд ҳарф задан дар телефон ӯро таҳқир кард. Эмомҳусейн ин занро миллатгаро номид.

Маъмури хобгоҳ гуфтааст, донишҷӯи тоҷик қоидаи зист дар хобгоҳро риоя накард. Вале ӯро барои тоҷик буданаш таҳқир накардааст.

Гуфта мешавад, Сафорати Тоҷикистон дар Москва ин ҳодисаро пайгирӣ дорад ва ба донишҷӯи тоҷик кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend