Вакилони парлумони Русия аз ҳизби “Русияи боадолат – барои ҳақиқат” ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки ба муҳоҷирон овардани оилаҳояшонро ба ин кишвар манъ мекунад.
Дар ин бора хабаргузории РБК хабар медиҳад.
Ба иддаои муаллифони лоиҳа дар ҳоле, ки андозу патенти муҳоҷирон хароҷоти буҷетро ҷуброн карда наметавонад, оилаҳои онҳо ба мактабу боғчаҳо, бемористону дигар соҳаҳои иҷтимоии Русия фишор меоранд.
Онҳо ба ин назаранд, ки қабули ин лоиҳа ҷараёни муҳоҷиратро 15-30 дарсад коҳиш медиҳад.
Пешниҳод шудааст, ки ин тарҳ ба шаҳрвандони Беларус ва “мутахассисони баландихтисос” татбиқ навашад.
Русия ҷойи кори садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки қисме аз онҳо оилаҳояшонро бо худ мебаранд.