Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:2710.09.2025
Вакилони парлумони Русия аз ҳизби "Русияи боадолат - барои ҳақиқат" ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки ба муҳоҷирон овардани оилаҳояшонро ба ин кишвар манъ мекунад.
Дар ин бора хабаргузории РБК хабар медиҳад.
Ба иддаои муаллифони лоиҳа дар ҳоле, ки андозу патенти муҳоҷирон хароҷоти буҷетро ҷуброн карда наметавонад, оилаҳои онҳо ба мактабу боғчаҳо, бемористону дигар соҳаҳои иҷтимоии Русия фишор меоранд.
Онҳо ба ин назаранд, ки қабули ин лоиҳа ҷараёни муҳоҷиратро 15-30 дарсад коҳиш медиҳад.
Пешниҳод шудааст, ки ин тарҳ ба шаҳрвандони Беларус ва “мутахассисони баландихтисос” татбиқ навашад.
Русия ҷойи кори садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки қисме аз онҳо оилаҳояшонро бо худ мебаранд.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
11 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
12 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад