logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Русия мехоҳанд аз муҳоҷирон пеш аз вуруд шаҳодатномаи тиббӣ талаб карда шавад

Муҳоҷирон бояд шаҳодатнома дар бораи надоштани ВИЧ, гепатити B ва C, сил, сифилис ва натиҷаи ташхиси набудани маводи мухаддирро дошта бошанд.

Your tj

17:0515.07.2025

Дар Русия мехоҳанд аз муҳоҷирон пеш аз вуруд шаҳодатномаи тиббӣ талаб карда шавад

Думаи давлатии Русия тарҳи нави қонунеро баррасӣ мекунад, ки тибқи он, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд то вуруд ба қаламрави Русия санҷишҳои тиббиро гузашта, шаҳодатномаҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Ярослав Нилов, раиси Кумитаи кор, ҳифзи иҷтимоӣ ва собиқадорон дар телеграм-канали худ хабар додааст, ки ин пешниҳод бо мақсади таъмини бехатарии санитариву эпидемиологии кишвар таҳия шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон бояд на танҳо суғуртаи тиббӣ, балки шаҳодатнома дар бораи надоштани ВИЧ, гепатити B ва C, сил, сифилис ва инчунин натиҷаи ташхиси набудани маводи мухаддиру моддаҳои психотропиро бо худ дошта бошанд.

"Хориҷиёне, ки барои пул кор кардан ба Русия меоянд, бояд мушкилоти моро ҳал кунанд, на мушкилоти худро биёранд", — навиштааст Нилов.

Ин пешниҳод дар пасманзари афзоиши нигарониҳо аз вазъи тандурустӣ ва бехатарии иҷтимоӣ дар ҷомеаи Русия ироа мешавад.

Бо вуҷуди маҳдудиятҳои ахир, Русия ҳамоно макони асосии кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ба иттилои расмӣ, беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору иқомат мекунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

2 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ