fbpx

Дар Русия даҳҳо муҳоҷирро ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил намуданд

Аксарият пас аз бастани суратҳисобҳои бонкӣ, боздошт ё аз кор озод шудан аз ин хабардор мешаванд, гуфтааст ба “Агентство” ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик.


0
Акси марбута аз сомонаи newsland.com

Даҳҳо муҳоҷир дар Русия хабар доданд, ки онҳоро иштибоҳан ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил намуда, суратҳисобҳои бонкиашонро баста, боздошт ва аз кор озод кардаанд.

Аксарият пас аз бастани суратҳисобҳои бонкӣ, боздошт ё аз кор озод шудан аз ин хабардор мешаванд, гуфтааст ба “Агентство” ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик.

Феҳристи шахсони назоратшаванда дар Русия 5 феврали соли равон ба кор даромад. Ба гуфтаи Чупик, дар давоми ду рӯзи кории охир ба ӯ 31 нафар – 13 шаҳрванди Қирғизистон, 8 шаҳрванди Тоҷикистон, 7 шаҳрванди Узбекистон, инчунин якнафарӣ шаҳрвандони Арманистон, Озарбойҷон ва Туркманистон муроҷиат кардаанд.

Аксари муҳоҷирон (17 нафар) дар бораи дохил шудан ба феҳрист аз хабари бонкҳо огоҳ шудаанд. Телеграм-канали “Baza”, наздик ба нерӯҳои амниятии Русия, хабар дод, ки ҳисобҳои “садҳо хориҷиён” дар бонкҳои гуногун баста шуданд.

Муҳоҷирони пурсидашуда гуфтанд, ки ҳузури онҳо дар Русия қонунӣ аст. Чупик ба онҳо тавсия медиҳад, ки фавран аз бонкҳо пулҳояшонро гиранд.

“Азбаски метавонанд ҳар касро ба феҳрист дохил кунанд, ба ҳамаи муҳоҷирон тавсия медиҳам, ки фавран аз ҳамаи суратҳисобҳои бонкӣ пулҳояшонро бигиранд ва ба хона фиристанд, барои худ танҳо қисми заруриро нигоҳ доранд”,- гуфт ӯ.

Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, чор муҳоҷири дигар дар бораи ба феҳрист дохил шудани номашон баъди боздошт, аз полис огоҳ шудаанд, чаҳор шаҳрванди хориҷиро марзбонон ба Русия роҳ надодаанд ва якеро аз кор озод кардаанд.

Ба гуфтаи вай, як назарсанҷӣ байни муҳоҷирон нишон дод, ки дар аксари ҳолатҳо барои дохил кардани онҳо ба феҳрист ягон асос вуҷуд надорад. Танҳо дар чор ҳолат ин метавонад бо мавҷудияти асос барои манъи вуруд шарҳ дода шавад. Дар ҳеҷ кадом аз ин ҳолатҳо муҳоҷирон дар бораи манъкуниҳо огоҳинома нагирифтаанд.

Ҳомии ҳуқуқ Александр Ким хабар дод, ки пас аз ба кор даромадани феҳрист шумораи муроҷиатҳо дар бораи радшавии пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла дар сабти муҳоҷират низ афзоиш ёфтааст, менависад “Настоящее время”.

Муфассал дар ин бора дар маводи мо – “Низоми ихроҷ дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ. Он чӣ гуна амал мекунад” маълумот пайдо карда метавонед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend