Бо мақсади коҳиши садамаҳои нақлиётӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат, дар роҳҳои байнишаҳрии Тоҷикистон асбобҳои суръатсанҷ (радар) ва дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд.
Ба иттилои масъулон, ин таҷҳизот аллакай дар баъзе аз шоҳроҳҳои сермошини кишвар, аз ҷумла роҳҳои Душанбе–Ҳисор, Душанбе–Ваҳдат ва Душанбе–Бохтар насб шуда, аллакай кор мекунанд.
Гуфта мешавад, ин иқдом дар доираи лоиҳаи NERU амалӣ мегардад, ки ҳадафи он мусоидат ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва кам кардани шумораи садамаҳо мебошад.
Ба иттилои мақомот, роҳҳои байнишаҳрӣ дар кишвар аз хатарноктарин самтҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳар сол дар ин роҳҳо даҳҳо садамаи марговар ба қайд гирифта мешавад. Танҳо соли гузашта, ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 552 нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дурбинҳо ва радарҳои нав суръати ҳаракат, убури хати муқобил ва дигар қоидавайронкуниҳои хатарнокро сабт мекунанд. Маълумоти сабтшуда барои вокуниши саривақтӣ ва таҳлили мунтазами сабабҳои садамаҳо истифода мешавад.
Масъулон мегӯянд, бо насби ин таҷҳизот ронандагон маҷбуранд меъёрҳои суръат ва қоидаҳои ҳаракатро дар роҳҳои байнишаҳрӣ риоя кунанд, дар акси ҳол онҳо ҷарима мешаванд.