fbpx

Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд тармаи дарозиаш 600 ва баландиаш 10 метра фаромад. Роҳ муваққатан баста аст

Субҳи рӯзи 16- январ низ дар роҳи мазкур тармафароӣ ба амал омада буд.


-1
-1 points
Акс аз саҳифаи Фейсбуки IRS

Чанд лаҳза пеш дар километри 65 -уми роҳи Душанбе – Чаноқ тармае бо баландии 10 метр ва паҳноии зиёда аз 600 метра фаромадааст, хабар медиҳад, филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон, ки барои нигоҳубини роҳи мазкур муваззаф аст.

“Чанд лаҳза пеш дар километри 65 -уми роҳи Душанбе – Чаноқ тармае, ки дар ин масир собиқа надорад – баландиаш 10 метр ва паҳноияш зиёда аз 600 метр, фаромад. Ба таври фаврӣ дар минтақаи зикршуда аз ҳарду ҷониб 6 техникаи пуриқтидор ба тоза кардани тарма шурӯъ намуданд”, – менависад, IRS.

Рӯзи гузашта бинобар тармафароии зиёд дар километрҳои 48 то 73- юми роҳи Душанбе – Чанок, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз километри 39 – самти Душанбе – Хуҷанд ва аз километри 81, ҷониби Хуҷанд – Душанбе муваққатан манъ карда шуд.

“Субҳи имрӯз кормандони филиали Ширкат бартарафсозии тармаҳо, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди онро бо маводи зиддилағжиш идома дода, кӯшиш доранд дар наздиктарин фурсат ҳаракати нақлиёт имконпазир гардад”, –  менависад, IRS дар саҳифаи Фейсбукиаш.

Аммо фаромадани боз як тармаи дигар ҳаракати нақлиётро дар роҳи мазкур боз медорад. Тавре ширкати IRS менависад боз доштани ҳаракати нақлиёт танҳо ба хотири бехатарии шаҳрвандон аст.

“Моҳияти муваққатан боздоштани ҳаракати нақлиётро мухтасар шарҳ дода, бояд зикр кард, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии ронандагону мусофирон дахл дошта, ин тасмим дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД ҶТ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гирифта шудааст”, – шарҳ медиҳад, филиали ширкати IRS.

 

Боришоти бошиддат дар назар аст

Дар ҳамин ҳол Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 18-19-уми январ дар ҷумҳурӣ вазъи ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.

“Рӯзҳои 18-22 январ дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Рӯзҳои 18-20 январ дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе- Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб яхбандӣ дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо хавфи фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад”, – менависад агентии болозикр.

Аз сафар худдорӣ кунед

Дар робита ба вазъи номусоиди боду ҳаво дар кишвар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳиву ноҳияҳои наздикӯҳӣ маҳдуд кунанд. Рафтан ба чарогоҳ ҷиҳати чорвочаронӣ, шикоргоҳ, моҳидорӣ ва ё ғунучини ҳезум дар чунин рӯзҳо бехатар нест.

Инчунин, Кумита дар давраи сардӣ ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои зеринро риоя кунанд:

  • Шумо ҳар хонае доред ва новобаста ба системаи гармидиҳии он (газӣ, бухорӣ ва ғайра) бояд ҳатман захираи сӯзишворӣ дошта бошед.
  • Хонаҳои худро гарм нигоҳ доред, манзили шумо паногоҳест барои аҳли оила аз сармои шадид. Ҳамеша ҳарорати гармиро як хел нигоҳ доред, пеш аз он ки хонаҳо сард шаванд, системаи мустақили гармидиҳиро фаъол кунед. Ҳаргиз аз дастгоҳи барқии дастсохт истифода накунед!
  • Ҳангоми шамоли сахт зери дарахтон, пояҳои реклом ва хатҳои интиқоли қувваи барқ наистед!
  • Дар ҳақи чорвои хонагии худ низ ғамхорӣ кунед, бояд онҳо низ дар ҷойи амну бехатар ва гарм бошанд ва бо ғизову об таъмин.
  • Соҳибони мошинҳои шахсӣ бояд ҳатман пеш аз сафар омодагии мошини худро  санҷанд. Фаромӯш накунанд, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон мошини онҳо ҳатман бояд бел, табар, ҳезум, ҳалқаҳо барои барф, фонус, захираи ғизо ва ғайра дошта бошад. Ҳатман телефони ҳамроҳи худро бо худ бигиред.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода метавонед бо ин рақамҳо занг занед ва кумак хоҳед:

– Навбатдори масъули Кумита -112, 221-91-19, 223-13-11;

– Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе  – 225-44-62, 225-44-76

– Навбатдори масъул дар ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744

– Навбатдори масъул дар вилояти Суғд – рамз 3422 тел: 51555, 57995

– Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон – рамз 3222 тел: 23505, 27827

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб – рамз 3322 тел: 21656, 21657

– Навбатдори масъул дар минтақаҳои ноҳияҳои Рашт – рамз 3131 тел: 22374

– Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор – рамз 3139 тел: 26074


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend