Дар ноҳияи Рашт як ҷуфти ҷавон дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд. Ҳодиса шаби 5 ба 6 декабр дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурх рух додааст.
Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ навиштааст, ки домоду арӯс ҳамагӣ ду моҳ пеш оиладор шуда буданд. Шаби 5 декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мекунанд.
Субҳи рӯзи дигар хешовандон ба манзили навхонадорон даромада, онҳоро беҳуш дармеёбанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо ҳарду дар роҳ ҷон медиҳанд.
Манбаъ гуфтааст, ки домод 25-сола ва арӯс 18-сола будаанд.
Мақомот то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.
Дар Тоҷикистон бо сабаби маҳдудияти мавсимии барқ, сокинон аксаран хонаҳоро бо ангишт гарм мекунанд. Соле нест, ки ба сабаби заҳролудшавӣ аз дуди ангишт талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашавад.
