logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Рашт домоду арӯс аз дуди ангишт фавтиданд

Шаби 5 декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мекунанд.

Your tj

11:5308.12.2025

Дар Рашт домоду арӯс аз дуди ангишт фавтиданд

Дар ноҳияи Рашт як ҷуфти ҷавон дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд. Ҳодиса шаби 5 ба 6 декабр дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурх рух додааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ навиштааст, ки домоду арӯс ҳамагӣ ду моҳ пеш оиладор шуда буданд. Шаби 5 декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мекунанд.

Субҳи рӯзи дигар хешовандон ба манзили навхонадорон даромада, онҳоро беҳуш дармеёбанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо ҳарду дар роҳ ҷон медиҳанд.

Манбаъ гуфтааст, ки домод 25-сола ва арӯс 18-сола будаанд.

Мақомот то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Дар Тоҷикистон бо сабаби маҳдудияти мавсимии барқ, сокинон аксаран хонаҳоро бо ангишт гарм мекунанд. Соле нест, ки ба сабаби заҳролудшавӣ аз дуди ангишт талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

19 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

19 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

8 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ