logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Панҷ як мард падари 78 - солаашро бо болға зада куштааст

Гумонбаршуда қаблан бо моддаи 141-и КҶ ҶТ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) маҳкум шуда будааст.

Your tj

14:0716.06.2022

Дар Панҷ як мард падари 78 - солаашро бо болға зада куштааст

Муҳаммад Исанқулов, сокини ноҳияи Панҷ ба гумони қатли падари 78-солааш боздошт шудааст.

Сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Намунаи  ноҳияи Панҷ Аваз Бӯстонови 78-сола рӯзи 7 июн кушта шудааст. Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯтӣ  гумонбаршуда - писари ӯ Муҳаммад Исанқулов боздошт шудааст.

“Ба гуфтаи гумонбаршуда, падару писар ҳамроҳ машрубот нӯшида, сипас байни онҳо ҷанҷол сар мезанад. Писар болғаро гирифта ба сари падар мезанад. Сипас ӯ ба дастону пойҳои паараш низ якчанд зарба мезанад”, - гуфтаанд дар РВКД - и Хатлон.

Нисбати Муҳаммад Исанқулов мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Гумонбаршуда қаблан бо моддаи 141-и КҶ ҶТ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) маҳкум шуда будааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 часов назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

1 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

1 дня назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

5 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ